
Дар шароити рушди босуръати соҳаи сайёҳӣ дар ҷаҳон ҷустуҷуи самтҳои нави ҷолиб ва устувор аҳамияти махсус пайдо мекунад. Яке аз чунин самтҳои ояндадор сайёҳии моҳидорӣ ба ҳисоб меравад, ки Тоҷикистон бо захираҳои бойи обӣ ва табиати нотакрори худ имконияти фарох барои рушди ин навъи сайёҳиро дорад.
Сайёҳии моҳидорӣ — як навъи сайёҳии фароғатӣ ва варзишӣ мебошад, ки дар он сайёҳон барои моҳидорӣ ба дарёҳо, кӯлҳо, обанборҳо ё баҳрҳо сафар мекунанд. Ҳадаф на танҳо сайди моҳӣ, балки истироҳат дар табиат, лаззат бурдан аз манзараҳо ва таҷрибаи фарҳангии маҳаллӣ аст. Муҳим он аст, ки дар сайёҳии муосири моҳидорӣ на танҳо натиҷаи сайд, балки раванди истироҳат, эҳтиром ба табиат ва таҷрибаи фарҳангӣ арзиши асосӣ дорад.
Имрӯзҳо барои рушди сайёҳии шикори моҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои мусоид фароҳам гардида, бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гӯшаҳои гуногуни кишвар хоҷагиҳои моҳипарварӣ ташкил шудаанд.
Аҳамияти иқтисодӣ ва иҷтимоии сайёҳии моҳидорӣ дар он аст, ки ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар минтақаҳои деҳот, рушди инфрасохтори маҳаллӣ, афзоиши даромади аҳолии маҳаллӣ, ҷалби сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва истироҳати экологӣ таъсири мусбӣ мерасонад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи обӣ мебошад, ки барои рушди сайёҳии моҳидорӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд. Аз ҷумла, дар дарёҳои кӯҳӣ назири Вахш, Сирдарё, Варзоб, Кофарниҳон, Панҷ ширмоҳӣ, гулмоҳӣ, зағорамоҳӣ ва дигар намудҳои моҳиро метавон вохӯрд.
Ин маконҳо на танҳо барои моҳидорӣ, балки барои истироҳати комплексӣ, аксбардорӣ, кемпинг ва сайёҳии экологӣ низ мувофиқ мебошанд.
Дар кишварҳои пешрафта, аз ҷумла Норвегия, Канада, ИМА, Финляндия ва Ҷопон, сайёҳии моҳидорӣ ҳамчун як бахши муҳимми иқтисоди сайёҳӣ рушд ёфтааст. Онҳо ба масъалаҳои танзими қонунӣ, ҳифзи захираҳои обӣ, хизматрасонии босифат ва таблиғи байналмилалӣ диққати махсус медиҳанд. Омӯзиш ва татбиқи ин таҷрибаҳо метавонад барои Тоҷикистон хеле муфид бошад.
Тибқи таҳлилҳои олимон, кӯлу дарёҳои Тоҷикистон дорои беш аз 60 намуди моҳӣ мебошанд. Дар дарёҳои кӯҳӣ ширмоҳӣ, гулмоҳӣ ва дигар намудҳоро метавон вохӯрд. Ҳоло бо назардошти сермаҳсулӣ соҳибкорон бештар ба парвариши моҳиҳои пешонағафси сафед, зағорамоҳӣ ва амури сафед таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.
Солҳои охир ба маротиб афзун гардидани истеҳсоли моҳӣ дар ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама, ба дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ва амалишавии барномаҳои соҳавӣ вобаста аст. Хусусан бархурдории хоҷагиҳои моҳипарварӣ аз имтиёзҳои андозӣ дар рушди соҳа нақши муҳим дорад.
Рушди моҳипарварӣ дар баробари шикори он, ки дӯстдорони зиёд дорад, ба тақвияти сайёҳии гастрономӣ дар кишвар замина фароҳам меорад. Таркиби гӯшти моҳӣ дорои витаминҳои барои инсон зарурӣ буда, тибқи таҷриба ва тавсияҳои байналмилалӣ давоми сол ба ҳар нафар истеъмоли 15-20 килограмм гӯшти моҳӣ муҳим шуморида мешавад.
Инчунин, моҳиҳои истеҳсоли Тоҷикистон дар ҷаҳон аз ҷиҳати сифат серхаридор арзёбӣ мешаванд. Афзун гардонидани парвариши моҳӣ дар хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ ҳамчун мавзеи сайёҳӣ ва шикори моҳӣ ба рушди агросайёҳӣ низ мусоидат менамояд.
Бо вуҷуди имкониятҳо рушди сайёҳии моҳидорӣ бо баъзе мушкилот рӯ ба рӯ аст. Аз ҷумла, набудани инфрасохтори муосир, номуносиби хизматрасонӣ, огоҳии нокифояи бозори байналмилалӣ.
Барои ҳалли ин масъалаҳо таҳияи стратегия ва барномаҳои мақсаднок, ҷалби сармоягузорӣ, омӯзиши кадрҳо, таблиғи фаъол тавассути платформаҳои рақамӣ зарур мебошад.
Дар соли равон Кумитаи рушди сайёҳӣ ҷиҳати равнақ бахшидани ин навъи сайёҳӣ дар Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳӣ ташкили хатсайрҳо оид ба сайёҳии шикори моҳӣ тавсия дод, ки бо пешниҳоди хатсайрҳои нави сайёҳӣ хизматрасониро барои боздиди сайёҳон бештару беҳтар ба роҳ монанд.
Солҳои охир афзоиши сайёҳони хориҷӣ ба кишвар, қабл аз ҳама, ба амнияту субот, мавҷудияти роҳҳои замонавӣ ва инфрасохтори мусоиди сайёҳӣ дар кишвар рабт дорад. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун ҷавҳари кашфношуда арзёбӣ менамоянд. Дар Тоҷикистон сайёҳии экологӣ, таърихию фарҳангӣ, табобатию солимгардонӣ ва кӯҳнавардӣ, аграрӣ, инчунин сайёҳии шикор бештар ба сайёҳон писанд аст. Тоҷикистон барои рушди ин навъҳои сайёҳӣ дорои имконоти бузург аст, ки дар минтақа назир надорад.
Дар ин раванд, боварии комил дорем, ки сайёҳии моҳидорӣ низ метавонад ба яке аз самтҳои муҳими рушди сайёҳии Тоҷикистон табдил ёбад. Бо истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, татбиқи таҷрибаи байналмилалӣ ва ҳамкории давлату бахши хусусӣ, ин соҳа қодир аст ба рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ мусоидат намояд.
ҚУРБОНЗОД Абдукарим
Мутахассиси Кумитаи рушди
сайёҳии назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон




