Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
02:08, July 5, 2025
26°C
44 %
1000 mb
2 mph
Wind Gust: 0 mph
Clouds: 0%
Sunrise: 05:06
Sunset: 19:52
Hourly Forecast
05:00
temperature icon
26°/27°°C 0 mm 0% 4 mph 36% 1000 mb 0 mm/h
08:00
temperature icon
31°/33°°C 0 mm 0% 1 mph 23% 1001 mb 0 mm/h
11:00
temperature icon
42°/42°°C 0 mm 0% 6 mph 8% 998 mb 0 mm/h
14:00
temperature icon
45°/45°°C 0 mm 0% 11 mph 6% 995 mb 0 mm/h
17:00
temperature icon
44°/44°°C 0 mm 0% 14 mph 7% 994 mb 0 mm/h
20:00
temperature icon
35°/35°°C 0 mm 0% 4 mph 11% 996 mb 0 mm/h
23:00
temperature icon
31°/31°°C 0 mm 0% 5 mph 17% 998 mb 0 mm/h
02:00
temperature icon
29°/29°°C 0 mm 0% 4 mph 23% 998 mb 0 mm/h

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Дарвоз мулоқот намуданд

25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншоот ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Дарвоз мулоқот намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаи фаъолияти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Дарвозро давоми панҷ моҳи соли равон таҳлил намуда, иброз доштанд, ки мо зимни сафари кории навбатӣ ба ноҳия шоҳиди боз ҳам рушд ёфтани ин диёр гардидем.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаи нақлиёт дар ҳудуди ноҳия ишора карда, мавриди истифода қарор гирифтани қитъаи шоҳроҳи байналмилалии Қалъаихумб-Ванҷ-сарҳади Рӯшон ба масофаи 92,5 километр бо 12 пули мошингузар ва яке аз нақбҳои он бо дарозии 3400 метрро нишонаи олии дастгирии мардум аз сиёсати созандаи Ҳукумат арзёбӣ намуданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои марбута супориш доданд, ки сифати иҷрои корҳои сохтмонро зери назорати доимии худ қарор дода, барои дар муҳлати муайянгардида пурра ба истифода додани шоҳроҳ чораҳои зарурӣ андешанд.

Аз дастгириҳои Ҳукумати кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди ноҳияи Дарвоз ёдовар шуда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар ноҳия 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии беш аз 1 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 6 лоиҳаи дигар ба маблағи беш аз 1,4 миллиард сомонӣ идома дорад.

Гуфта шуд, ки дар маҷмуъ, барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар давоми 34 соли соҳибистиқлолии кишвар аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ беш аз 1,9 миллиард сомонӣ равона гардидааст.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони мулоқотро ба ҳодисаҳои дар ҷаҳони имрӯза бамиёномада, таъсири он ба иқтисоди кишварҳо ва таъмини сокинон бо маводи ғизоӣ ҷалб намуданд.

Таъкид гардид, ки дар ноҳияи Дарвоз имкониятҳо барои рушди соҳаи саноат васеъ буда, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ аз 5 ба 20 номгӯй расонида шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди ҳар чӣ бештари соҳаи саноат, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, бунёди коргоҳу корхонаҳои нав, аз ҷумла таъмини хонандагон бо либоси мактабӣ дар назди роҳбарияти вилоят ва вазоратҳои масъул вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Ҳамчунин масъулин аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки барои истифодаи пурраи иқтидорҳо ва имкониятҳои ноҳия дар самти истеҳсоли саноатӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намоянд.

Зимни таҳлили вазъи соҳаҳои маорифу тандурустӣ гуфта шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Дарвоз 34 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 3500 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст. Дар даҳ соли охир барои таъмир, сохтмон ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои тиббӣ дар ноҳия беш аз 25 миллион сомонӣ равона гардидааст.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарону фаъолони ноҳияи Дарвоз, аҳли маориф, зиёиён ва фаъолон дастур доданд, ки масъалаи иҷрои ҳатмии талаботи қонуни миллӣ «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»-ро зери таваҷҷуҳи доимӣ қарор диҳанд.

Ҳамчунин роҳбарони мақомоти маҳаллӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, аҳли зиё, ходимони дин ва омӯзгорон вазифадор шуданд, ки доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷавонон, таҳкими ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва муқовимати онҳо ба ифротгароӣ тадбирҳои муассир роҳандозӣ намоянд.

Таъкид гардид, ки дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар ноҳия бунёду навсозии 121 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 85 иншоот сохта, ба истифода дода шудааст, ки 71 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки барои дар муҳлатҳои муайянгардида ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани иншооти банақшагирифташуда тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дар фароварди сухан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Дарвоз бо сарҷамъиву муттаҳидӣ минбаъд низ барои пешрафти диёри худ ва кишвари соҳибистиқлоламон саҳми арзишманд мегузоранд ва ин гӯшаи биҳиштосои Ватанамонро боз ҳам ободу зебо мегардонанд.

Баъди суханронии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Дарвоз намояндагони касбу кори гуногун андешаронӣ намуданд. Онҳо бо арзи эҳтирому самимият ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи талошҳову ғамхориҳо нисбат ба мардуми шарафманди кишвар, таъмини сулҳу суботи сартосарӣ, беҳдошти сатҳи зиндагии шаҳрвандон ва дастгирии ҷавонон изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Аз ҷумла, собиқадори меҳнат Сулаймонова Зуҳро ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому қадршиносӣ ҳамчун туҳфаи хотиравӣ тоқии миллӣ тақдим намуданд.

Модари хушбаён Зуҳро Сулаймонова эҳтироми худ ва мардуми Дарвозро нисбат ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки бо дастгирию пуштибонӣ аз сиёсати созандаи Роҳбари давлат пойтахти кишвар – шаҳри Душанберо ба макони дилфиреб, шаҳри сулҳу орзуҳо мубаддал гардондаанд, баён доштанд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.29
US TJS/USD9.73
EU TJS/EUR11.46
RU TJS/RUB0.12
04 Jul · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 04 Jul 2025 13:30 UTC
Latest change: 04 Jul 2025 13:30 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
02:08, July 5, 2025
26°C
44 %
1000 mb
2 mph
Wind Gust: 0 mph
Clouds: 0%
Sunrise: 05:06
Sunset: 19:52
Hourly Forecast
05:00
temperature icon
26°/27°°C 0 mm 0% 4 mph 36% 1000 mb 0 mm/h
08:00
temperature icon
31°/33°°C 0 mm 0% 1 mph 23% 1001 mb 0 mm/h
11:00
temperature icon
42°/42°°C 0 mm 0% 6 mph 8% 998 mb 0 mm/h
14:00
temperature icon
45°/45°°C 0 mm 0% 11 mph 6% 995 mb 0 mm/h
17:00
temperature icon
44°/44°°C 0 mm 0% 14 mph 7% 994 mb 0 mm/h
20:00
temperature icon
35°/35°°C 0 mm 0% 4 mph 11% 996 mb 0 mm/h
23:00
temperature icon
31°/31°°C 0 mm 0% 5 mph 17% 998 mb 0 mm/h
02:00
temperature icon
29°/29°°C 0 mm 0% 4 mph 23% 998 mb 0 mm/h