Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
23:59, May 25, 2025
28°C
32 %
1008 mb
9 mph
Wind Gust: 0 mph

ОҒОЗИ МАВСИМИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми худ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар» 28 декабри соли 2024 ҷиҳати рушди сайёҳии дохилӣ баён доштанд, тасмим гирифтааст, имрӯз 26 апрели соли 2025 дар майдони “Истиқлол” бо мақсади оғози мавсими саёҳати дохилӣ хатсайрҳоро ба роҳ монд.

Дар доираи ташаббуси мазкур намояндагони вазорату идораҳо, васоити ахбори омма ва блогерон ба мавзеъҳои гуногуни сайёҳии ҷумҳурӣ ҷиҳати таблиғу ташвиқи имкониятҳои сайёҳии кишвар дар шабакаҳои телевизионӣ ва интернетӣ сафарбар карда мешаванд.

Пеш аз оғози хатсайрҳо Ҷамшед Ҷумъахонзода – раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ бо иштирокчиён мулоқот намуда, иброз гардид, ки иқдоми мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва рушди сайёҳии дохилӣ ба роҳ монда шуда, дар навбати худ, эҳсоси нави ифтихор ба мамлакат ва ё минтақаҳои гуогуни кишварро тавассути тиблиғу ташвиқи мавзеъҳои сайёҳии кишвар аз ҷониби ВАО ва блогерон ба вуҷуд оварда, ба рушди сайёҳии дохилӣ ва афзоиши шумораи сайёҳони мањаллӣ кумак менамояд.

Тибқ нақша хатсайрҳо ба самтҳои мазкур ба роҳ монда мешаванд:

Душанбе – Панҷакент (Артуч) – Душанбе.

Душанбе – Панҷакент (Искандаркул) – Душанбе.

Душанбе – Хуҷанд – Душанбе.

Душанбе – Ҳисор – Душанбе.

Душанбе – Файзобод – Роғун – Душанбе.

Душанбе- Бохтар – Леваканд – (НБО Сарбанд)- Вахш (Аҷинатеппа) – Ҷ.Балхӣ – Дустӣ (Оромгоҳи Зайналобуддин)-Носири Хусрав (Чилучорчашма) – Душанбе.

Душанбе – Норак – Данғара – Темурмалик (Кангурт)-Балҷувон-Ховалинг – Муъминобод – Кӯлоб – Восеъ – Душанбе.

Душанбе – Ваҳдат (Ромит) – Душанбе.

Душанбе – Шаҳринав (Темурдара) – Душанбе.

Душанбе-Дарвоз-Душанбе.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.81
US TJS/USD10.23
EU TJS/EUR11.62
RU TJS/RUB0.13
25 May · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 25 May 2025 00:00 UTC
Latest change: 25 May 2025 00:00 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
23:59, May 25, 2025
28°C
32 %
1008 mb
9 mph
Wind Gust: 0 mph