Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
18:52, July 1, 2025
36°C
15 %
1000 mb
7 mph
Wind Gust: 0 mph

МУКОЛАМАИ МИНТАҚАВИИ КИШВАРҲОИ ТОҶИКИСТОН ҚИРҒИЗИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН ДАР МАВЗӮИ “НАВРӮЗ – ҚАДИМТАРИН МЕЪРОСИ ФАРҲАНГИВУ САЙЁҲӢ ДАР МИНТАҚА” БАРГУЗОР ГАРДИД

Рӯзи 1 апрели соли 2025 чорабинии канории сайёҳӣ дар ҳошияи таҷлили Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд муколамаи минтақавии кишварҳои Тоҷикистон Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар мавзӯи “Наврӯз – қадимтарин меъроси фарҳангиву сайёҳӣ дар минтақа” бо роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Дилрабо Мансурӣ ва бо иштироки Ҷамшед – Ҷумъахонзода раиси Кумитаи рушди сайҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шадиев Умид – раиси Кумитаи сайёҳии назди Вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағийрёбии иқлими Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Касимов Эрденет – Директори Департаменти сайёҳии назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Қирғизистон, Анвар Яқуби – муовини раиси вилояти Суғд ва намояндагони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон баргузор гардид.

Чорабиниро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Дилрабо Мансурӣ оғоз бахшида, иди байналмилалии Наврӯзро ҳамчун ҷашни қадима, муттаҳидии халқҳо, дӯстиву бародарӣ ва эҳёшавии табиат иброз намуд.

Қайд гардид, ки бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равобити дӯстона бо ҳама кишварҳо аз ҷумла, ҳамсоя кишварҳо ба роҳ монда шуда, ин метавонад барои рушди соҳаи сайёҳӣ алалхусус ба роҳ мондани хатсайрҳои сайёҳии минтақавӣ ва зиёд шудани сайёҳон замина гузорад

Инчунин Ҷамшед Ҷумъахонзода раиси Кумитаи рушди сайҳёӣ баромад намуда, қайд кард, ки дар доираи сиёсати дӯстона ва бародаронаи роҳбарияти олии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ дар ҳоли рушд буда, баргузории чунин чорабиниҳо барои бозҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳо аз ҷумла, барои ҳамкориҳои зич, истифода намудани таҷрибаи якдигар ва бастани созишномаҳои ҳамкорӣ байни ширкатҳои сайёҳӣ ва дигар субъектҳои хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ заминаи устувор мегузорад.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.58
US TJS/USD9.86
EU TJS/EUR11.65
RU TJS/RUB0.13
01 Jul · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 01 Jul 2025 12:40 UTC
Latest change: 01 Jul 2025 12:40 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
18:52, July 1, 2025
36°C
15 %
1000 mb
7 mph
Wind Gust: 0 mph