Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муаррифии имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии ITB-Berlin 2026

Дирӯз, 3 март дар шаҳри Берлини Олмон Намоишгоҳи байналмилалии ITB Berlin 2026 ифтитоҳ гардид, ки то 5 март идома меёбад. Дар ин намоишгоҳи сатҳи ҷаҳонӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи рушди сайёҳӣ гӯшаи сайёҳии Тоҷикистонро бо тарҳу усули миллӣ ва муосир ба маърази тамошои дӯстдорони сайру саёҳат гузошт. Имсол дар намоишгоҳи ITB Berlin ширкатҳои […]