ИМКОНИЯТҲОИ РУШДИ САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Дар шароити рушди босуръати соҳаи сайёҳӣ дар ҷаҳон ҷустуҷуи самтҳои нави ҷолиб ва устувор аҳамияти махсус пайдо мекунад. Яке аз чунин самтҳои ояндадор сайёҳии моҳидорӣ ба ҳисоб меравад, ки Тоҷикистон бо захираҳои бойи обӣ ва табиати нотакрори худ имконияти фарох барои рушди ин навъи сайёҳиро дорад. Сайёҳии моҳидорӣ — як навъи сайёҳии фароғатӣ ва варзишӣ […]


