Имрӯз дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария, мулоқоти муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Зиёдулло ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария Шараф Шерализода бо Директори генералии ширкати TRADE WINGS Voyages Гийом Винтростайн ва Директори генералии ширкати Executive Travel Оливер Эмч баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ, густариши ҳамкориҳо ва ҷалби бештари сайёҳон ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон, пешниҳодҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ташкили чорабиниҳои таблиғотӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозори Конфедератсияи Швейтсария ироа гардиданд.
Итминон меравад, ки ҳамкориҳои бо ширкатҳои TRADE WINGS Voyages ва Executive Travel барои таҳкими мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозори байналмилалии сайёҳӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва рушди устувори бахши сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.
