
Дар бинои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 майи соли 2025 бо роҳбарии Ҷамшед Ҷумъахонзода – раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ ва иштироки намояндагони вазорати корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, фарҳанг, рушди иқтисод, Кумитаи давлатии самрмоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, телевизион ва радио, Қушунҳои сарҳадии КДАМ, Хадамоти гумрук, ВМКБ вилоятҳои суғд (маҷозӣ), хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳри Ҳисор, Ассотсиатсияи Блогерони Тоҷикистон ва Айна Керимова намояндаи Шӯрои кории Тоҷикистон ва Россия (Российско-Тоджикский Деловой Совет) ҷиҳати иҷрои супориши муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2025, №13245 (22,7) вобаста ба сафари экспедитсияи сайёҳии “Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025”, ки дар моҳҳои июн-июли соли 2025 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст ҷаласаи Кумитаи тадорукотӣ баргузор гардид.
Раиси Кумита Ҷамшед Ҷумъахонзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки ҳадафи асосии ин экспедитсия дидан намудан ва шиносоӣ пайдо кардан бо имконот ва зарфиятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, экспедитсия аз Федератсияи Русия меёбад ва тариқи роҳ бо 25 мошин аз қаламрави Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон гузашта ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегардад.
Ҳамзамон аз ҷониби Айна Керимова намояндаи Шӯрои кории Тоҷикистон ва Россия (Российско-Тоджикский Деловой Совет) вобаста ба чорабинии мазкур тариқи рӯнамо ба иштирокчиён ва ҳадаф аз баргузории Экспедитисия маълумот манзур карда шуд.



