Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
00:36, May 26, 2025
28°C
32 %
1009 mb
9 mph
Wind Gust: 0 mph

ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРА ОИД БА НАТИҶАГИРИИ ФАЪОЛИЯТИ КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СЕ МОҲИ АВВАЛИ СОЛИ 2025

Дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи рушди сайёҳӣ рӯзи 15 апрели соли 2025 ҷаласаи Ҳайати мушовара оид ба натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар се моҳи аввали соли 2025 бо иштироки муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Рустам Холматиён, муовини Раиси Кумита, роҳбарияти КВД “Маркази иттилоотӣ ва хизматрасониҳои сайёҳӣ”, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Кумита, роҳбарон шуъбаву бахшҳои сайёҳӣ дар вилояти Хатлон, ВМКБ (маҷозӣ) вилояти Суғд (маҷозӣ) шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва Иброҳимзода Илҳомуддин – Директори Институти илмию таҳқиқотии Сайёҳӣ ва Соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа нахуст муовини раиси Кумита Салимзода Зиёдулло оид ба “Натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се моҳи аввали соли 2025 ҳисобот манзур намуда, иброз гардид, ки бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар намоишгоҳҳои байналмилалии самти сайёҳӣ, ки дар Ҷумҳурии Исломии Покистон, Италия, Ҷумҳурии Исмломии Эрон, Олмон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Федератсияи Русия баргузор гардиданд, Кумита иштирок намуда, бо ташкили гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон имкониятҳои сайёҳии кишварро муаррифӣ намуд.

Мувофиқи рузномаи ҷаласа сардори Шуъбаи рушди сайёҳии шаҳри Душанбе Дилшоди Ҷамшед оид ба натиҷаҳои фаъолияти шуъба дар се моҳи аввали соли 2025 ҳисобот манзур намуда, роҷеъ ба ҳамкориҳо бо Кумитаи рушди сайёҳӣ ва омода намудани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ ба Иброҳимзода Илҳомуддин – Директори Институти илмию таҳқиқотии Сайёҳӣ ва Соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон сухан дода шуд.

Масъулин аз рафти корҳои анҷомдодашуда, вазъ ва ҳолати рушди соҳаи сайёҳӣ дар маҳал ва иҷрои нақшаҳои гуруҳи кории ҷумҳуривӣ ва Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба соҳаи сайёҳӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруза намуданд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.81
US TJS/USD10.23
EU TJS/EUR11.62
RU TJS/RUB0.13
25 May · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 25 May 2025 00:00 UTC
Latest change: 25 May 2025 00:00 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
00:36, May 26, 2025
28°C
32 %
1009 mb
9 mph
Wind Gust: 0 mph