
Рӯзи 11 апрели соли 2025 дар меҳмонхонаи “Hyatt Regency Dushanbe” мизи мудавар дар мавзӯи “Таҳкими устувории саломатӣ дар бахши сайёҳӣ” бо иштироки Салимзода Зиёдулло – муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Осёгии рушд ва дигар вазорату идораҳои дахлдор баргузор гардид.
Дар ҳамоиш Салимзода Зиёдулло – муовини раиси Кумита баромад намуда, тариқи рӯнамо вобаста ба имкониятҳои сайёҳии табобатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд. Қайд карда шуд, ки рушди сайёҳии табобатию солимгардонӣ санаторӣ ва истироҳатӣ яке аз ҳадафҳои асосии “Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” маҳсуб ёфта, бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумита ин намуди сайёҳии кишвар дар баргузории намоишгоҳҳои байналмилалӣ ҳамасола муаррифӣ карда мешавад.
Иброз гардид, ки аз ҷониби Кумита хати фаврӣ (Горячая линия) кушода шудааст, ки сайёҳони дохиливу хориҷӣ метавонанд дар ҳолати ба мушкили дучор шудан ва инчунин барои дарёфти марказҳои табобативу солимгардонӣ, осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо муроҷиат намуда, аз ҷониби шахсони масъули Кумита кумакҳо ва роҳнамои карда мешаванд.


