
Рӯзи 16 марти соли 2025 як гурӯҳ аз Минтақаи озоди Киш -и Ҷумҳурии Исломии Эрон бо роҳбари Алӣ Ҳасанлу муовинии гардишгарии Созмони ҷазираи Киш, Абулфазл Асновандӣ мудиромили ширкати ҳавопаймоии “Киш” ва дигар маъмурону намояндагони соҳаи сайёҳӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд, ки дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмононро роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳи ва ширкати сайёҳии ҶДММ “Сомон Тревел” истиқбол намуданд.
Бояд қайд намуд, ки ташрифи меҳмонон дар доираи кушодашавии хатсайри ҳавоии Киш-Душанбе-Киш сурат гирифта, дар ҳамкории Кумитаи рушди сайёҳӣ ва ширкати сайёҳии ҶДММ “Сомон Тревел” бо мақсади рушди муносибатҳо дар самти сайёҳӣ, зиёд намудани хатсайрҳо ва шумораи гардишгарон аз ҳардуҷониб, тибқи нақша меҳмонон аз имкониятҳои сайёҳии шаҳри Душанбе дидан ва бо роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ мулоқот баргузор менамоянд.