
Рӯзи 6 марти соли 2025 дар бинои Кумитаи рушди сайёҳӣ ҷамъомади тантанвӣ бахшида ба “Рӯзи Модар” бо иштироки Раиси Кумита, муовинони раис ва коргарони Дастгоҳи марказии Кумита баргузор гардид.
Чорабиниро Раиси Кумита Ҷамшед Ҷумъахонзода охоз бахшида,занону модарони Кумита ва аз ин фурсат ҳамаи модарону бонувони кишварро ба ин рӯзи фархунда табрик намуда, иброз гардид, ки маҳз бо шарофати талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон мебошад, зеро нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст.
Дар охири чорабинӣ ба бонувону духтарони Кумита туҳфҳои идона тақдим карда шуд.