Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
21:27, December 14, 2024
temperature icon 8°C
Humidity 57 %
Pressure 1014 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph

Тоҷикистон дар садри ҷадвали Созмони Ҷаҳонии Сайёҳӣ аз рӯи хароҷоти сайёҳии содиротӣ ва беҳтарин макони сайёҳӣ аз ҷиҳати қабули сайёҳони хориҷӣ

Бо ташаббуси Бонки Осиёии Рушд аз 11 то 13 ноябри 2024 дар шаҳри Бангкоки Подшоҳии Тайланд Семинари кӯтоҳмуддати омӯзишӣ доир гардид, ки 41 нафар мутахассисону коршиносони соҳаи сайёҳиро аз сохторҳои сайёҳии 30 кишвари Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором ба муддати се рӯз бо ҳам овард.

Дар ин барномаи омӯзишӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро корманди Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимов Баҳрулло бо ироа намудани рӯнамо ва маърӯза дар мавзӯи “Рушди ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаҳои дурдаст” намояндагӣ намуд.

Намояндаи аршади Созмони Ҷаҳонии Сайёҳии Милали Муттаҳид хонум Клавдиа Виейра Лисбоа дар мавзӯи “Ояндаи соҳаи сайёҳӣ дар Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором, тамоюл ва дурнамои сайёҳӣ” баромад намуда, соҳаи сайёҳиро яке аз бахшҳои муҳими иқтисоди миллӣ ва иҷтимоӣ дар Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором маънидод кард. Зикр намуд, ки соли 2023 теъдоди ҷаҳонгардон дар кишваҳои Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором ба 238 миллион нафар расид ва интизор меравад, ки ин шумора то охири соли 2024 ба ҳаҷми теъдоди ҷаҳонгардони давраи пеш аз бемории ҳамагири Ковид-19 баробар хоҳад шуд, ки дар соли 2019 шумораи гардишгарон 363 миллион нафар ба қайд гирифта шуда буд.

Гӯфта шуд, ки рушди устувори соҳаи сайёҳӣ соли 2023 ба иқтисоди миллии кишварҳои Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором 2.6 триллион доллари ИМА даромад овард, ки ин маблағ 7.3% маҷмуи маҳсулоти дохилии кишварҳои минтақаро ташкил медиҳад. Соли 2023 дар минтақа 182 миллион нафар одамон дар касбу кори хизматрасонӣ, хусусан нақлиёт, муассисаҳои иқомат (меҳмонхона, гестхаус, хостел ва мотел), муассисаҳои хӯроки умумӣ (тарабхона, ошхона, қаҳвахона, дуконҳои хӯроки тезтайёр), муассисаҳои солимгардонӣ (санатория ва осоишгоҳҳо), савдои чакана ва дигар соҳаҳои алоқаманд ба хизматрасонии сайёҳӣ фаро гирифта шуданд, ки 9.6 дарсади шумораи умумии шуғли кишварҳои минтақаро дарбар мегирад.

Хонуми Клавдиа Виейра дар идомаи маърӯзаи худ дарҷ намуд, ки тибқи таҳлилу тадқиқотҳои ахири коршиносони соҳа, агар рушди устувори соҳаи сайёҳӣ дар минтақа бо чунин низом идома ёбад, яъне гуногунсозии сабади маҳсулотҳои сайёҳӣ идома ёбад, оромию суботи минтақа пойдор бошад ва тамоми зарфиятҳои сайёҳии минтақа пурра ба кор бурда шаванд бо боварии комил метавон гӯфт, ки то соли 2034 кишварҳои Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором аз хидматрасонӣ ва сайёҳӣ 255 миллион шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида аз ин ҳисоб 5.8 триллион доллари ИМА фоидаи соф ба даст меоранд, ки ин рақам 11.2 дарсади маҷмуи маҳсулоти дохилии кишварҳои минтақаро ташкил медиҳад.

Зимни гузоришҳои таҳлилӣ ва нишондиҳандаҳои омории намояндаи аршади Созмони Ҷаҳонии Сайёҳӣ дар барномаи омӯзишӣ зери унвони “Дарёфти роҳҳои ҳал оид ба беҳтар намудани соҳаи сайёҳӣ дар Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором” дарҷ гардид, ки дар давраи нимсолаи якуми соли 2024 (аз январ то июл) дар самти “Бозорҳои беҳтарини сайёҳӣ аз рӯи хароҷоти сайёҳии содиротӣ” Ҷумҳурии Тоҷикистон бо афзоиши якуякбораи сайёҳии содиротӣ (+420 фоиз) дар садри ҷадвали Созмони Ҷаҳонии Сайёҳӣ қарор гирифтааст. Баъд аз Тоҷикистон кишварҳои Сербия, Непал, Латвия, Ирландия, Туркия ва Украина дар мақоми ду, се, чор ва панҷум қарор гирифтанд.

Ҳамчунин дар радабандии дигари Созмони Ҷаҳонии Сайёҳӣ дар бахши “Беҳтарин макони сайёҳӣ аз ҷиҳати қабули сайёҳони хориҷӣ” аз моҳҳои январ то июли соли 2024, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби афзоиши теъдоди ҷаҳонгардон ба кишвар (+75%) баъд аз Албания ва Сербия сазовори ҷой 3-юм гардид, ки он бевосита аз рушди бемайлони сайёҳии кишвар, пойдории сулҳу суботи сартосарӣ ва ба макони чорабиниҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ ва варзишии сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфтани пойтихти азизамон шаҳри Душанбе дар тӯли се даҳсолаи охир гувоҳӣ медиҳад.

Маврид ба тазаккур аст, ки баргузории конфронсҳои байналмилалии сатҳи баланд дар ҳошияи «Раванди Душанбе оид ба масоили об», ки дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” доир гардид, мусобиқаи байналмилалии ҷудо Гранд-При Душанбе, Гранд-Слам, мусобиқаи байналмилалии ҷудо миёни ҷавонон, чемпионати ҷаҳонии гуштингирӣ, Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе ва дигар чорабиниҳои минтақавии сайёҳӣ барои ба таври шоиста муаррифӣ намудани кишвари биҳиштосои Тоҷикистон ва баланд бардоштани имиҷӣ мардуми шарафманди Тоҷик дар арсаи байналмилалӣ заминаи воқеӣ гузошт.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.82
US TJS/USD10.92
EU TJS/EUR11.46
RU TJS/RUB0.11
14 Dec · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 14 Dec 2024 00:40 UTC
Latest change: 14 Dec 2024 00:40 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
21:27, December 14, 2024
temperature icon 8°C
Humidity 57 %
Pressure 1014 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph