Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
21:53, December 14, 2024
temperature icon 8°C
Humidity 57 %
Pressure 1014 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph

Ҷаласаи даҳуми Шӯрои ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

21 ноябри соли 2024 таҳти раёсати муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳоким Холиқзода дар китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи даҳуми Шӯрои ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар баргузории Шӯро роҳбарияти вазорату идораҳо, намояндагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин кормандони масъули Кумитаи рушди сайёҳӣ ва намояндагони ассотсиатсияву ширкатҳои сайёҳӣ иштирок намуданд.

Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳоким Холиқзода суханронӣ намуда, қайд намуд, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи сайёҳӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардида, бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инфрасохтори муосири сайёҳӣ дар маҳалҳои дурдаст ва мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ бунёд гардиданд, ки ин омил сабаби ҷалби бештари сайёҳон ва ба ҷойи кор таъмин намудани аҳолии маҳаллӣ мегардад.

Мавсуф иброз дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки новобаста аз дастовардҳои соҳаи сайёҳии мамлакат тайи солҳои охир имкониятҳои барои рушди соҳа истифоданашуда ҳанӯз хеле зиёданд.

Лозим ба ёдоварист, ки тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2024, №АП-507 таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мансурӣ Дилрабо аз ҳисоби муовинони вазорату идораҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуда, дар асоси нақшаи чорабиниҳои гурӯҳи корӣ дар самти рушди сайёҳӣ ва назорати раванди амалишавии барномаву нақшаҳои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, косибӣ, касбу ҳунаромӯзии шарҳвандони мамлакат, истифодаи заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ, ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин, ҳифзи табиат ва ташкили фаъолияти маҳаллу растаҳо ва гӯшаҳои ҳунармандӣ дар шаҳру ноҳияҳо дар давоми соли 2024 як қатор чораҳои мушаххас андешида шуда истодааст, ки ба рушди рушди сайёҳии дохилӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Дар ир раванд, аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ҳар семоҳа ба Ҳукумати мамлакат ҳисобот пешниҳод гардида, ҷаласаҳои гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ мунтазам баргузор карда мешавад. Ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ 29 ноябри соли 2024 дар маркази вилояти Хатлон ба нақша гирифта шудааст

Иброз гардид, ки соҳаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои ояндадор ва босуръат рушдёбандаи хоҷагии ҷаҳон ба шумор рафта, дар рушди бахшҳои дигари иқтисодиёт нақши муассир мебошад.

Инчунин, соҳаи саёҳӣ ба соҳаҳои хизматрасонии нақлиёт, алоқа, савдо, хўроки умумӣ таъсири мусбӣ мерасонад, ки рушди ин соҳа боиси зиёд гардидани ҷойҳои кории нав, вориди асъори хориҷӣ ва тақвияти нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар мегардад.

Дар рафти ҷаласа ба масъулони тамоми вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати супориш дода шуд, ки ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ, сохтмони иншооти хизматрасонии сарироҳӣ чораҷӯӣ намоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки барои рушди соҳаи сайёҳӣ имрӯз тамоми заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ таъмин буда, Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии “Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” барои солҳои 2023 – 2026” бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2022, №631 тасдиқ гардида, мавриди татбиқ қарор дорад.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Муминзод оид ба фаъолияти Кумитаи рушди сайёҳӣ дар 9 моҳи соли 2024 ҳисобот дода, қайд намуд, ки дар натиҷаи дастгириҳои Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар 9 моҳи соли 2024 тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 1 миллиону 223,2 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ омадаанд. Аз ин шумора 941,3 ҳазор нафар тибқи талаботи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ҳамчун сайёҳ ворид гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 17,3 фоиз зиёд аст.

Ҳамзамон қайд карда шуд. ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ бо мақсади рушди ҳамкорӣ ва ҷалби бештари сайёҳон 5 санади ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ба имзо расонида шуда, дар маҷмуъ 22 санади ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Амороти Муттаҳидаи Араб, Шри-Ланка, Урдун, Узбекистон, Қазоқистон, Федератсияи Россия, Швейтсария, Фаронса, Кувайт, Туркманистон, Озарбойҷон, Эрон, Покистон, Белоруссия, Қатар ва Созмони ҳамкории Шанхай, ба имзо расонида шудааст.

Ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии иқтидорҳои соҳаи сайёҳии кишвар махсусан сайёҳии табобатӣ, экологӣ ва кӯҳнавардӣ дар нуҳ моҳи соли 2024 дар ҷумҳурӣ 27 чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию минтақавӣ баргузор карда шуд.

Дар анҷоми ҷаласаи Шӯро барои бартараф намудани камбудию мушкилоти ҷойдошта, татбиқи босамари ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат оид рушди устувори соҳаи сайёҳии кишвар, иҷрои босифати Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии “Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” барои солҳои 2023 – 2026” ва омодасозии соҳа ба пазироии сайёҳон, хусусан рушди сайёҳии дохилӣ аз ҷониби муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.82
US TJS/USD10.92
EU TJS/EUR11.46
RU TJS/RUB0.11
14 Dec · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 14 Dec 2024 00:40 UTC
Latest change: 14 Dec 2024 00:40 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
21:53, December 14, 2024
temperature icon 8°C
Humidity 57 %
Pressure 1014 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph