Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Бо иштироки муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ – Салимзода Зиёдулло ва муовини раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Дилбар Одилзода дар маросими супоридани ҷоизаҳои «DITE Awards 2025», сипосномаҳо ва гувоҳномаҳо ба иштирокдорони дуюмин Намоишгоҳи байналмилалии Душанбе (DITE-2025)

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
14:45, October 10, 2025
24°C
22 %
1014 mb
7 mph
Wind Gust: 0 mph
Clouds: 4%
Sunrise: 06:28
Sunset: 17:54
Hourly Forecast
17:00
temperature icon
23°/24°°C 0 mm 0% 2 mph 20% 1014 mb 0 mm/h
20:00
temperature icon
18°/20°°C 0 mm 0% 3 mph 23% 1015 mb 0 mm/h
23:00
temperature icon
16°/16°°C 0 mm 0% 3 mph 27% 1016 mb 0 mm/h
02:00
temperature icon
14°/14°°C 0 mm 0% 2 mph 28% 1015 mb 0 mm/h
05:00
temperature icon
13°/13°°C 0 mm 0% 2 mph 25% 1015 mb 0 mm/h
08:00
temperature icon
17°/17°°C 0 mm 0% 2 mph 15% 1015 mb 0 mm/h
11:00
temperature icon
25°/25°°C 0 mm 0% 2 mph 7% 1013 mb 0 mm/h
14:00
temperature icon
28°/28°°C 0 mm 0% 3 mph 5% 1011 mb 0 mm/h

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои маъмурии сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро ба истифода доданд

8 ноябр Президенти Ӌумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои маъмурии сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои мазкур дар ҳошияи сиёсати бобарору бунёдкоронаи роҳбарияти Ҳукумати кишвар ба муносибати ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо тарҳу услуби муосир бунёд шуда, бо тамоми шароит муҷаҳҳаз гардидааст.

Бо бунёди иншоот дар баробари фароҳам гардидани шароити муносиби корӣ барои кормандони соҳа, ҳамзамон ба симои маркази вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар ҳусну ҷилои тоза зам гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо имкониятҳои фароҳамгардида ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, кормандонро ба заҳмати содиқонаву софдилона ва таҳлилу коркардҳои дақиқи оморӣ ҳидоят намуданд.

Бинои маъмурии сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар масоҳати умумии 834,5 метри мураббаъ бунёд гардида, аз 4 ошёна, 24 ҳуҷраи корӣ, таҳҳона, китобхона, маҷлисгоҳ барои 60 нафар ва маркази коркарди маълумот иборат мебошад.

Ҳангоми шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои навбунёд бо хати иловагии барқ васл гардидааст ва дар ҳолатҳои зарурӣ генератори 100 кВт ба таври худкор фаъол мешавад.

Дар таҳҳонаи бино барои шуъбаи таъминот, маркази табъу нашр ва ошхона шароити зарурӣ муҳайё шудааст.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 60 сокини маҳалӣ ба кор ҷалб гардида, акнун 70 нафар мутахассисон дар шароити муносиби корӣ фаъолият менамоянд.

Масъулин аз ифтитоҳи бинои навбунёди муҷаҳҳаз бо тамоми лавозимоти корӣ изҳори хушнудӣ ва арзи сипос намуданд.

Ҳуҷраҳои корӣ ва Маркази коркарди маълумот аз ҷониби Лоиҳаи “Навсозии низоми миллии омор дар Тоҷикистон” мутобиқ ба стандартҳои муосир таҷҳизонида шудааст.

Ҳудуди бино бо гулҳои мавсимӣ ва дарахтони нодир зинат ёфтааст.

Иншооти навбунёд бо сифати баланд сохта шуда, имкон медиҳад, ки сокинони вилояти Хатлон аз хизматрасониҳои он пурсамар истифода баранд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP12.43
US TJS/USD9.29
EU TJS/EUR10.8
RU TJS/RUB0.11
10 Oct · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 10 Oct 2025 04:15 UTC
Latest change: 10 Oct 2025 04:15 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
14:45, October 10, 2025
24°C
22 %
1014 mb
7 mph
Wind Gust: 0 mph
Clouds: 4%
Sunrise: 06:28
Sunset: 17:54
Hourly Forecast
17:00
temperature icon
23°/24°°C 0 mm 0% 2 mph 20% 1014 mb 0 mm/h
20:00
temperature icon
18°/20°°C 0 mm 0% 3 mph 23% 1015 mb 0 mm/h
23:00
temperature icon
16°/16°°C 0 mm 0% 3 mph 27% 1016 mb 0 mm/h
02:00
temperature icon
14°/14°°C 0 mm 0% 2 mph 28% 1015 mb 0 mm/h
05:00
temperature icon
13°/13°°C 0 mm 0% 2 mph 25% 1015 mb 0 mm/h
08:00
temperature icon
17°/17°°C 0 mm 0% 2 mph 15% 1015 mb 0 mm/h
11:00
temperature icon
25°/25°°C 0 mm 0% 2 mph 7% 1013 mb 0 mm/h
14:00
temperature icon
28°/28°°C 0 mm 0% 3 mph 5% 1011 mb 0 mm/h