Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Бо иштироки муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ – Салимзода Зиёдулло ва муовини раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Дилбар Одилзода дар маросими супоридани ҷоизаҳои «DITE Awards 2025», сипосномаҳо ва гувоҳномаҳо ба иштирокдорони дуюмин Намоишгоҳи байналмилалии Душанбе (DITE-2025)

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
10:17, October 3, 2025
21°C
40 %
1022 mb
4 mph
Wind Gust: 0 mph
Clouds: 40%
Sunrise: 06:22
Sunset: 18:05
Hourly Forecast
11:00
temperature icon
21°/24°°C 0 mm 0% 3 mph 40% 1021 mb 0 mm/h
14:00
temperature icon
23°/26°°C 0.01 mm 1% 2 mph 34% 1020 mb 0 mm/h
17:00
temperature icon
24°/25°°C 0 mm 0% 3 mph 29% 1019 mb 0 mm/h
20:00
temperature icon
20°/20°°C 0 mm 0% 4 mph 34% 1020 mb 0 mm/h
23:00
temperature icon
17°/17°°C 0 mm 0% 1 mph 39% 1020 mb 0 mm/h
02:00
temperature icon
16°/16°°C 0 mm 0% 1 mph 42% 1020 mb 0 mm/h
05:00
temperature icon
15°/15°°C 0 mm 0% 2 mph 44% 1020 mb 0 mm/h
08:00
temperature icon
18°/18°°C 0 mm 0% 1 mph 36% 1020 mb 0 mm/h

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон корхонаи кранҳои борбардорро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

7 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ёвон корхонаи истеҳсоли механизмҳои борбардори «Ширкати мошинсозии Де Банг Тоҷикистон»-ро дар минтақаи саноатии деҳоти Даҳана мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи навбунёд бо иқтидор ва шакли фаъолият дар Осиёи Марказӣ назир надошта, бо ҷалби сармояи дохилӣ ва шарикони рушд дар муддати камтар аз 5 моҳ бо маблағи 12 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст.

Бо мавриди истифода қарор додани корхонаи нави истеҳсолӣ механизмҳои борбардори ҶСК «Ширкати мошинасозии Де Банг Тоҷикистон» 30 нафар бо ҷои кори доимӣ, таъмин шуданд.

Корхонаи нави истеҳсолӣ аз зумраи иншооти ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ маҳсуб ёфта, дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – “Саноатикунонии  босуръати кишвар” бо навтарин технологияи ҷаҳонӣ ҷиҳозонида шудааст.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 80 крани борбардори пуриқтидор буда, дар сурати зиёд гаштани фармоиши харидорон ҳаҷми истеҳсоли он зиёд карда мешавад. Маҳсулоти корхона ивазкунандаи воридот буда, ба содирот низ нигаронида шудааст.

Механизмҳои борбардори истеҳсолшаванда дар корхонаи навбунёд, ки ҳар қисми он пас аз озмоишу санҷишҳои мутахассисони соҳа насб карда мешаванд, тавоноии бардоштани аз 4 то 12 тонна борро доранд.

Кранҳои борбардори ин корхона тариқи фосилавӣ низ идора карда мешаванд, ки он метавонад кори биносозонро ба мартиб осон намояд.

Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани корхона арзиши кранҳои борбардор дар бозор то 30 фоиз арзон бояд шавад, зеро то ҳол ин маҳсулот аз берун ворид мешавад. То имрӯз ҳар сол ба ҳисоби миёна ба маблағи то 9 миллион доллари амрикоӣ кранҳо аз хориҷи кишвар ворид мешавад. Аз ин хотир кранҳои ин корхона ивазкунандаи воридот ва ҳам маҳсулоти содиротӣ хоҳад шуд.

Тавре гуфта шуд, корхонаи мазкур дар бинои бекорхобидаву валангоре, ки солиёни дароз аз мадди назар дур монда буд, бунёд гардида, ба як гӯшаи ободу зебое мубаддал гаштааст.

Масоҳати умумии корхонаи навбунёд наздики 4 ҳазор метри мураббаъ буда, гирду атрофи он сабзу хуррам гардонида шудааст. Дар саҳни бинои корхона намунаи яке аз кранҳои борбардор гузошта шуда буд, ки бозгӯи иқтидори истеҳсолии корхона ва сифати баланди маҳсулоти он мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо фаъолити истеҳсолӣ ва васли кранҳои пуриқтидори корхона, ташаббуси масъулинро барои ба роҳ мондани чунин иқдоми нек, ки дар пайравӣ ба сиёсати созандаву бунёдкоронаи роҳбарияти олии кишвар амалӣ гаштааст, муҳим арзёбӣ намуда, барои фаъолияти самарабахши минбаъдаи он, дастуру ҳидоятҳо доданд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

Exchange Rates Error: Check parameters of widget or shortcode. Probably you changed the source of currency rates, where there was not the desired currency that you selected before.

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
10:17, October 3, 2025
21°C
40 %
1022 mb
4 mph
Wind Gust: 0 mph
Clouds: 40%
Sunrise: 06:22
Sunset: 18:05
Hourly Forecast
11:00
temperature icon
21°/24°°C 0 mm 0% 3 mph 40% 1021 mb 0 mm/h
14:00
temperature icon
23°/26°°C 0.01 mm 1% 2 mph 34% 1020 mb 0 mm/h
17:00
temperature icon
24°/25°°C 0 mm 0% 3 mph 29% 1019 mb 0 mm/h
20:00
temperature icon
20°/20°°C 0 mm 0% 4 mph 34% 1020 mb 0 mm/h
23:00
temperature icon
17°/17°°C 0 mm 0% 1 mph 39% 1020 mb 0 mm/h
02:00
temperature icon
16°/16°°C 0 mm 0% 1 mph 42% 1020 mb 0 mm/h
05:00
temperature icon
15°/15°°C 0 mm 0% 2 mph 44% 1020 mb 0 mm/h
08:00
temperature icon
18°/18°°C 0 mm 0% 1 mph 36% 1020 mb 0 mm/h