Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
19:30, December 10, 2024
temperature icon 1°C
Humidity 64 %
Pressure 1034 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph

Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ

Ҳамватанони азиз!

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли эҳтиром ҳамаи Шуморо ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ, ки ҳамасола дар ҷаҳон 27 сентябр таҷлил мегардад, самимона табрик менамоям.

Мероси бойи таърихию фарҳангии Тоҷикистон, табиати нодири он бо кўлҳо, ҳайвоноту растаниҳои нодир, инчунин кўҳҳои баланд заминаи муҳими рушди соҳаи сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, соҳаи мазкур ба сифати манбаи боэътимоди рушди иқтисодиёти миллӣ арзёбӣ мегардад. 

Рушди соҳаи сайёҳӣ ҳамчунин ба сифати яке аз сарчашмаҳои даромади аҳолӣ, ғанигардонии буҷети давлат ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, аз ҷумла қалби сармоягузориҳо дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ саҳми назаррасро ихтисос намудааст.

Бо дарназардошти аҳамияти ин соҳаи калидӣ дар рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар он ҳамчун самти афзалиятноки рушд дар Стратегия миллии рушд барои давраи то соли 2030 дарҷ гардида, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба вусъат бахшидани сиёсати давлатӣ дар ин самти стратегӣ ба сохтору мақомоти марбута дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. 

Маврид ба зикри хос аст, ки да натиҷаи таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати мамлакат ба соҳаи сайёҳӣ солҳои охир дар баробари афзун гардидани шумораи сайёҳон дар кишвар ширкатҳои сайёҳии ватанӣ низ зиёд гардиданд.

Дар шаш соли охир ба кишвари мо беш аз 5 миллион нафар, аз ҷумла соли 2023-юм 1,2 миллион нафар сайёҳон ворид гардидаанд.

Дар соли 2018 шумораи ширкатҳои сайёҳӣ 146 ададро ташкил дода, ин нишондиҳанда дар соли 2024 ба 214 адад баробар гардидааст, ки 1,5 маротиба зиёд мебошад.  

Роҳандозии тартиби электронии дастрас намудани раводид ва реҷаи яктарафаи бераводид бо 77 кишвари ҷаҳон, амалӣ гаштани низоми содакардашудаи раводид бо 126 давлат, инчунин аз байн бурдани бақайдгирии дохилии сайёҳон имкон дод, ки сайёҳон ва шаҳрвандони дигари хориҷӣ бе муроҷиат ба ниҳодҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар тариқи платформаи онлайнӣ (www.evisa.tj) раводиди электронӣ дастрас намуда, ба ҷумҳурии мо сафар намоянд.

Дар зарфи панҷ соли охир барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 330 миллион сомонӣ амалӣ гардида, илова бар ин, ба субъектҳои соҳа аз ҷониби низоми бонкии кишвар зиёда аз 300 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок ҷудо карда шудааст.

Мо ифтихор дорем, ки дар натиҷаи татбиқи сиёсати ғамхоронаи Пешвои муаззами миллат соли 2023-юм кишвари мо аз нигоҳи амният, субот ва эътимоди шаҳрвандон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тибқи рейтинги солонаи Пажӯҳишгоҳи амрикоии Gallup дар байни 142 кишвари ҷаҳон ҷои аввалро ишғол намуд, ки ин яке аз аломатҳои муҳим дар раванди ҷалби сайёҳон ба кишвар ба ҳисоб меравад.

Ҳукумати мамлакат барои таъмини ҷолибияти соҳа барои сармоягузорони дохилию хориҷӣ имтиёзҳои зиёд муқаррар намуда, дар марҳилаи аввал барои обод намудани мавзеъҳои сайёҳӣ ва таъсиси инфрасохтори зарурӣ заминаҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ фароҳам овард. 

Тибқи санадҳои қабулгардида ширкатҳои сайёҳӣ дар тўли панҷ соли аввали фаъолият аз андози фоида , воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди иншооти инфрасохтори сайёҳӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуда, андозаи боҷи гумрукӣ барои воридоти автомашинаҳои нав бо мақсади сайёҳӣ 50 фоиз коҳиш дода шуд.

Фароҳам овардани имтиёзи андозию гумрукӣ ҳавасмандии соҳибкоронро боз ҳам зиёд намуда, танҳо дар заминаи ин имтиёзҳо имрӯзҳо дар кишвар лоиҳаи инфрасохтории сайёҳӣ дар самтҳои бунёди маҷмааҳои сайёҳӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, роҳи танобӣ, меҳмонхонаву осоишгоҳ ва дигар иншооти сайёҳӣ бомаром идома доранд.

Тарбия ва бозомўзи кадрҳои баландихтисос дар соҳаҳои гуногунҷанбаи сайёҳӣ  яке аз масъалањои муњим арзёбӣ гардида, корҳо дар ин самт бо маром идома доранд.

Айни замон дар 15 муассисаи олии касбии ҷумҳурӣ зиёда аз 2 ҳазор нафар аз рўи 16 намуд ихтисосҳо, аз ҷумла саёҳат ва меҳмондорӣ, иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои сайёҳӣ, иқтисод ва идораи сайёҳӣ, географияи сайёҳӣ ва менеҷменти саёҳат, менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ, фаъолияти меҳмонхонавӣ, таъмини забони робитаҳои байнифарҳангӣ, роҳбаладӣ, меҳмонхонадорӣ, ошпазӣ, қанодӣ, хизматрасонии меҳмонхона ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Маврид ба таъкиди хос аст, ки Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти нақши бунёдии соҳаи сайёҳӣ дар пешрафти иқтисодиёти миллӣ ҳамкориҳои байналмилалиро дар бахши сайёҳӣ густариш дода, бо кишварҳои хориҷӣ бо маќсади таќвияти муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба дар соҳа 22 адад созишномаю тафоҳумномаҳо ба имзо расонид.

Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамчун мақоми ваколатдор вазифаҳои худро минбаъд низ тибқи нақшаҳои корӣ, санадҳои амалкунанда ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ намуда, дар татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи сайёҳӣ саҳми арзанда мегузорад.

Бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ табрик гуфта, ба шумо тансиҳатӣ, рузгорӣ босаодат  ва дар фаъолияти касбиатон барор ва муваффаќиятро таманно менамоям.

Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ муборак бод!

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.93
US TJS/USD10.89
EU TJS/EUR11.52
RU TJS/RUB0.11
10 Dec · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 10 Dec 2024 04:30 UTC
Latest change: 10 Dec 2024 04:30 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
19:30, December 10, 2024
temperature icon 1°C
Humidity 64 %
Pressure 1034 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph