Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
22:00, December 27, 2024
temperature icon 2°C
Humidity 69 %
Pressure 1031 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара Муассисаи томактабии «Ворисон»-ро ифтитоҳ намуданд

19 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пас аз ифтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 24 дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара, бинои Муассисаи томактабии «Ворисон»-ро мавриди истифода қарор доданд. Иншооти навбунёд аз ҷониби соҳибкорони ватандӯсти ноҳия дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масоҳати зиёда аз 1 гектар, бунёд ёфтааст.

Тавре иттилоъ дода шуд, кӯдакистони мазкур пас аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар мавриди бунёди муассисаҳои томактабӣ дар сатҳи деҳот ва маҳалҳо, Муассисаи томактабии “Ворисон” дар муддати хело кӯтоҳ аз ҷониби соҳибкорони ташаббускори ноҳия бо сифати баланд ва шароити замонавӣ омода шудааст.

Дар иншооти навбунёди таълимӣ 150 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, барои кор бо онҳо 10 нафар мураббия ва ёрдамчиёни мураббияҳо, ки ҳамагӣ соҳибтаҷриба ва дорои ихтисоси педагогӣ мебошанд, ҷалб карда шудааст. Шумораи умумии кормандон дар муассисаи томактабӣ 22 нафарро ташкил медиҳад. Бино дорои 17 хуҷраи барҳавои машғулиятгузаронӣ, аз ҷумла 5 хуҷраи хобу истироҳат, ошхона бо 25 ҷойи нишаст ва иншооти ёрирасон буда, ҳар кадоми он бо таҷҳизоти зарурӣ ва аёнитҳо муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар синфхонаҳои машғулиятгузаронӣ бо мақсади ташаккулу инкишофи зеҳнии кӯдакон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, шароиту имкониятҳои мусоид мавҷуд аст. Бинои кӯдакистон бо шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ пайваст буда,  ҳуҷраҳои зарурӣ бо оби гарм таъмин мебошад.

Дар муассиса раванди таълим ва машғулиятҳо бо забонҳои тоҷикӣ, рӯсӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, барои бедор сохтани завқи эстетикии дӯстрӯякон, толори мусиқӣ низ фаъолият менамояд.

Зимни боздид аз шароити кӯдакистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомшуда ва имкониятҳои фароҳамгардида баҳои баланд дода, ба соҳибкорони меҳандӯсти ноҳия барои пайравӣ  ба сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Саҳни бинои Муассисаи томактабии «Ворисон» бо дарахтон ва гулу буттаҳои ороишию ҳамешасабз ороста буда, даромадгоҳи он бо пештоқи ҷолибу назаррабо, ки аз ҷониби меъморон бо завқу салиқаи баланде ороиш ёфтааст, барои бедор сохтани ҳисси зебоиписандии дӯстрӯякон муассир аст. Ҳамзамон дар саҳни бино ду айвончаи тобистона барои гузаронидани машғулиятҳои тарбиятгирандагон сохта шудааст.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо омӯзгорону масъулин, онҳоро барои ба роҳ мондани таълими босифат, ташаккули шахсият, омӯзиши донишҳои муосир ба хонандагон, тарбияи кӯдакон дар рўҳияи ватандӯстӣ ва аз хурдӣ ҷой додани эҳтирому садоқат ба обу хоки аҷдодӣ дар қалби кӯчаки онҳо, дастуру хидоятҳо доданд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.72
US TJS/USD10.93
EU TJS/EUR11.4
RU TJS/RUB0.11
27 Dec · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 27 Dec 2024 13:45 UTC
Latest change: 27 Dec 2024 13:45 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
22:00, December 27, 2024
temperature icon 2°C
Humidity 69 %
Pressure 1031 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph