Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
19:55, December 10, 2024
temperature icon -0°C
Humidity 74 %
Pressure 1034 mb
Wind 0 mph
Wind Gust: 0 mph

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд зери унвони «Даъвати глобалии Саммити Оянда»

Муҳтарам ҷаноби НАНГОЛО МБУМБА, Президенти Ҷумҳурии Намибия,

Муҳтарам ҷаноби ОЛАФ ШОЛТС, Кантслери федералии Олмон,

Муҳтарам ҷаноби АНТОНИУ ГУТЕРРИШ, Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,

Хонумҳо ва ҷанобон!

Пеш аз ҳама, мехоҳам ба Ҷумҳурии Намибия ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон барои баргузории ин чорабинии муҳим дар раванди омодагӣ ба Саммити Оянда арзи сипос намоям. 

Саммити Оянда на танҳо чорабинии навбатӣ дар рӯзномаи байналмилалӣ,  балки фурсати муҳимме барои амалҳои дастаҷамъона ба мақсади ҳалли масъалаҳои глобалӣ мебошад.

Аз он бояд ҷиҳати  шаклгирии низоми бисёрқутбӣ  бо риояи усулҳои заминавии Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид истифода кард.  

Ин ҳамоиш ҷиҳати таъмини амнияту субот  дар ҷаҳони имрӯза  ва барои наслҳои оянда имконият фароҳам оварда,  ба ташаббускорӣ баҳри иқдомҳои созанда ва дастгирии ҳамдигар даъват менамояд.

Бовар дорам, ки дар ҳамбастагӣ мо метавонем ба натиҷаҳои  мусбат ноил шавем.

Интизор дорем, ки натиҷаҳои Саммити Оянда имконият медиҳанд, то мо ҷидду ҷаҳд ва тадбирҳоямонро ҷиҳати вокуниш ба мушкилоти умдаи замони муосир, бахусус масъалаҳои рӯзмарраи рушди устувори кишварҳои рӯ ба тараққӣ, камтараққӣ ва ҷазиравӣ муайян ва ҳамоҳанг созем.

Бо наздик шудани ин ҳамоиши муҳим, ман аз ҳамаи сарони давлатҳои ҷаҳон даъват ба амал меоварам, ки дар Саммити дар пешистода иштирок намуда, дар  тасмиму қарорҳое, ки қабул хоҳем кард, саҳми бевоситаи худро гузоранд.

Мо бояд ба хотири ҳалли мушкилоти рӯзафзуни замони муосир, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, гармшавии бесобиқа, хушксолиҳои пай дар пай, афзоиши офатҳои табиӣ, коҳиши захираҳои об ва озуқа, инчунин, таъмини беҳдошт ва сиҳатии омма  муттаҳид шавем.

Норасоии об, бахусус, ба сатҳи некӯаҳволии миллиардҳо одамон дар саросари ҷаҳон таҳдид карда, ҳамчун монеаи бунёдӣ дар роҳи рушди устувор боқӣ мемонад.

Моро зарур аст, то ба ин масъала авлавият диҳем ва дар роҳи таъмини дастрасии одилона ба ин манбаи гаронбаҳо барои татбиқи ҳадафҳои созандаи аҳли башар талош варзем.

Ман аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо даъват мекунам, ки дар қабул ва татбиқи санади ниҳоии Саммити Оянда, яъне Даъвати глобалӣ барои амал саҳми муассир гузоранд.

Иҷрои  ӯҳдадориҳои ба зимма гирифтаи мо дар таъмини ояндаи дурахшони инсоният нақши муҳим хоҳад бозид.

Дар ҳамкории муштарак ва ҳусни тафоҳум, мо метавонем ба раванди таъмини сулҳу субот ва рушди устувор дар саросари ҷаҳон такони мусбат бахшем.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.95
US TJS/USD10.93
EU TJS/EUR11.51
RU TJS/RUB0.11
10 Dec · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 10 Dec 2024 13:40 UTC
Latest change: 10 Dec 2024 13:40 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
19:55, December 10, 2024
temperature icon -0°C
Humidity 74 %
Pressure 1034 mb
Wind 0 mph
Wind Gust: 0 mph