Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон 338 субъекти хизматрасон ва 214 ширкати сайёҳӣ фаъолият менамоянд

Масъалаи рушди соҳаи сайёҳӣ аз солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта,  дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ  масъалаи танзими соҳаи сайёҳӣ ба зиммаи якчанд вазорату кумитаҳо гузошта шуда буд. Соли 2017 баҳри рушди соҳаи сайёҳии мамлакат ниҳоди мустақил — Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон […]

Дар Душанбе Намоишгоҳи якуми байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 баргузор мегардад

Аз 25 то 27 сентябри соли 2024 дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ (27 сентябр) Намоишгоҳи якуми байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 (Dushanbe International Tourism Exhibition – DITE 2024) баргузор мегардад.  Мақсад аз баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 рушди соҳаи сайёҳӣ, ташкили бозори сайёҳии минтақа дар шаҳри Душанбе, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, сайёҳиву […]

Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои водии Рашт ба анҷом расид

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзҳои 11 то 14 сентябр дар ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Лахш, Тоҷикобод ва Рашт ҷараён дошт, ба анҷом расид. 14 сентябр Сарвари давлат аз ноҳияи Рашт ба шаҳри Душанбе баргаштанд. Дар фурудгоҳи ноҳияи Рашт Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарону фаъолон ва як гуруҳ соҳибкорони […]

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд зери унвони «Даъвати глобалии Саммити Оянда»

Муҳтарам ҷаноби НАНГОЛО МБУМБА, Президенти Ҷумҳурии Намибия, Муҳтарам ҷаноби ОЛАФ ШОЛТС, Кантслери федералии Олмон, Муҳтарам ҷаноби АНТОНИУ ГУТЕРРИШ, Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид, Хонумҳо ва ҷанобон! Пеш аз ҳама, мехоҳам ба Ҷумҳурии Намибия ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон барои баргузории ин чорабинии муҳим дар раванди омодагӣ ба Саммити Оянда арзи сипос намоям.  Саммити Оянда на танҳо […]