Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
04:50, September 21, 2024
temperature icon 16°C
Humidity 67 %
Pressure 1015 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши муқаддамотии «Даъвати глобалии Саммити Оянда» иштирок намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши муқаддамотии  “Даъвати глобалии Саммити Оянда”, ки  аз ҷониби ҳамоҳангсозони он – Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва Ҷумҳурии Намибия дар доираи раванди омодагӣ ба “Саммити Оянда”  баргузор гардид, ба таври маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Хотиррасон мешавем, ки  “Саммити Оянда”  рӯзҳои 22-23 сентябри соли равон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар  шаҳри  Ню Йорки  Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир мегардад.

Дар ҳамоиши муқаддамотӣ дар доираи раванди омодагӣ ба “Саммити Оянда” ҳамчунин роҳбарони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Туркия, Австрия, Швейтсария, Бразилия, Алҷазоир, Ботсвана, Перу, Молдова, Филиппин, Ҷумҳурии Корея, Куба, Кипр, Миср, Гватемала, Кения, Латвия, Литва, Ветнам, Зимбабве, Сарвазирони Арманистон, Покистон,  Канада,  Нидерланд,  Шветсия, Норвегия, Сингапур, Малайзия, Булғористон,   Хорватия, Дания, Гурҷистон, Юнон ва  дигар кишварҳои аъзои СММ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки  зарурати даъвати “Саммити Оянда” аз таҷлили  75-умин  солгарди таъсисёбии СММ дар соли 2020 асос мегирад.  Он замон кишварҳои аъзои созмон аз Дабири кулли СММ даъват намуданд, ки камбудӣ ва мушкилотро  дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ муайян намуда,  роҳҳои ҳалли муносиби онро  тавсия диҳад.

Дабири кулли СММ дар вокуниш ба ин дархости кишварҳои аъзои созмон  “Рӯзномаи умумии мо” (Our Common Agenda)-ро бо таваҷҷуҳ ба зарурати тақвият бахшидани  раванди татбиқи “Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор”  муаррифӣ намуд ва барои баргузории “Саммити Оянда”, ки чанд рӯз баъд баргузор мегардад,  иқдом гирифт.

Бояд таъкид кард, ки Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва Ҷумҳурии Намибия тариқи намояндагиҳои доимии худ дар СММ  раванди таҳия ва ҳамоҳангсозии санади ниҳоии “Саммити Оянда”-ро, ки    мушкилот ва таҳдиду чолишҳои замони муосир, аз ҷумла мавзуъҳои обу иқлимро фаро мегирад ва ин мавзуҳо дар сиёсати байналмилалии Тоҷикистон мақоми меҳварӣ дорад,   роҳбарӣ намуданд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP14.16
US TJS/USD10.65
EU TJS/EUR11.88
RU TJS/RUB0.11
20 Sep · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 20 Sep 2024 12:55 UTC
Latest change: 20 Sep 2024 12:55 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
04:50, September 21, 2024
temperature icon 16°C
Humidity 67 %
Pressure 1015 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph