Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаи идона ба ифтихори 33-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт

Ҳамдиёрони азиз! Кулли сокинони ноҳияи Рашт ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро ба ифтихори ҷашни 33-юмин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизамон самимона табрик мегӯям. Истиқлолу озодӣ барои мо неъмати азизтарини зиндагӣ ва сарвати муқаддастарине мебошад, ки аз баракати он имрӯз ҳар як фарди Тоҷикистон дар Ватани озоди худ ҳаёти орому осуда ва шароиту имконияти кору […]

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт дар барномаи театришуда бахшида ба таҷлили 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд

13 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт дар барномаи театришуда бахшида ба таҷлили 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар оғоз Сарвари давлат кулли сокинони ноҳияи Рашт ва иштирокдорони чорабиниро ба ифтихори ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз самимона табрик гуфтанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши муқаддамотии «Даъвати глобалии Саммити Оянда» иштирок намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши муқаддамотии  “Даъвати глобалии Саммити Оянда”, ки  аз ҷониби ҳамоҳангсозони он – Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва Ҷумҳурии Намибия дар доираи раванди омодагӣ ба “Саммити Оянда”  баргузор гардид, ба таври маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Хотиррасон мешавем, ки  “Саммити Оянда”  рӯзҳои 22-23 сентябри соли равон дар қароргоҳи Созмони Милали […]

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54-ро мавриди истифода қарор доданд

13 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Поҷеи поёни Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54-ро мавриди истифода қарор доданд. Иншооти нави соҳаи маориф аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, минбаъд 780 хонанда метавонанд дар ду баст дар синфхонаҳои замонавии он таҳсил намоянд. Сарвари […]

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт биноҳои маркази саломатӣ, беморхонаи марказӣ ва маркази ташхису табобатиро мавриди истифода қарор доданд

13 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт бинои маркази саломатӣ, беморхонаи марказии дуошёна ва маркази ташхису табобатии сеошёнаро пас аз сохтмон ва навсозии биноҳои мавҷуда мавриди истифода қарор доданд. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки сохтмону навсозии биноҳои беморхонаи марказӣ дар доираи лоиҳаи инвеститсионии давлатӣ […]