Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон бо намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ дар Маркази хизматрасонии «Дунёи ош»-и шаҳри Душанбе шинос шуданд

23 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев дар Маркази хизматрасонии “Дунёи ош”-и пойтахт аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ боздид намуданд. Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар намоишгоҳ молу маҳсулоти кишоварзӣ, […]

Иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Жомарт Токаев дар барномаи консертии бошукуҳи ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон

22 август дар толори Кохи Борбади пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев консерти дилнишини ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Боиси хушнудист, ки имрӯз муносибатҳои дӯстии бисёрҷанбаи ду давлат дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми ҳамдигар ва эътимод ба нафъи кишварҳо ва […]

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо маросими имзои 16 санади нави ҳамкорӣ баргузор гардид.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев “Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон”-ро имзо намуданд.Сипас, санадҳои зерин ба имзо расиданд: – […]