Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
02:31, September 20, 2024
temperature icon 17°C
Humidity 59 %
Pressure 1015 mb
Wind 7 mph
Wind Gust: 0 mph

Соҳилҳои Сирдарё ба макони истироҳат табдил дода мешаванд

Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат дар шаҳри Хуҷанд дар ду соҳили  Сирдарё  барои истироҳату фароғати сокинон шароити мусоид  фароҳам оварда мешавад.

Тибқи иттилои манбаъ, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо раванди корҳои ободонӣ  дар ду соҳили Сирдарё шинос шуд.

Иттилоъ дода  шуд, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси лоиҳа аз пули кӯҳнаи шаҳри Хуҷанд  то пули «Ҷашнӣ» ба дарозии 2 км ва паҳноии беш аз 8 метр роҳрав бунёд шуда, таҷҳизоти муосири варзишӣ барои обутоби бадан, нишастгоҳҳои замонавӣ гузошта мешаванд. Дар маҷмуъ, ин мавзеъ ба макони истироҳативу варзишӣ табдил меёбад.

Ҳоло  корҳои чароғонкунӣ ва панҷарабандӣ оғоз гардида, дар муҳлати пешбинишуда бо сифати баланд ба анҷом расонида мешаванд. Дар шафати соҳил бунёди биноҳои баландошёнаи гуногун дар назар дошта шудааст, ки метавонад шаҳри Хуҷандро ҳамчун маркази сайёҳиву истироҳатӣ дар минтақа муаррифӣ намояд.

Таъкид гардид, ки соҳили дарё ҳамеша макони дӯстдоштаи сокинон аст, аз ин рӯ бояд ин минтақаи истироҳатӣ ба талаботи рӯз ҷавобгӯ бошад. Татбиқи лоиҳаҳо дар ду соҳили Сирдарё марҳилаи нави рушд дар шаҳри Хуҷанд мебошад.

Сарчашма: АМИТ «Ховар»

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP14.16
US TJS/USD10.66
EU TJS/EUR11.89
RU TJS/RUB0.11
19 Sep · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 19 Sep 2024 13:20 UTC
Latest change: 19 Sep 2024 13:20 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
02:31, September 20, 2024
temperature icon 17°C
Humidity 59 %
Pressure 1015 mb
Wind 7 mph
Wind Gust: 0 mph