Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
04:37, September 8, 2024
temperature icon 15°C
Humidity 58 %
Pressure 1017 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph

Натиҷагирии фаъолияти Кумитаи рушди сайёҳӣ дар нимсолаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда

9 июли соли 2024
Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи рушди сайёҳӣ ҷаласаи Ҳайати мушовара оид ба натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар нимсолаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда бо иштироки муовини сардори раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Мукаддасзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Муминзод, муовини якум ва муовини Раиси Кумита, роҳюарияти КВД “Маркази иттилоотӣ ва хизматрасониҳои сайёҳӣ”, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Кумита ва роҳбарону намояндагони воҳидҳои сохтории Кумита дар вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва аъзоёни Шӯрои коршиносони сайёҳӣ баргузор гардид.

♻️ Тибқи рӯзномаи ҷаласа нахуст муовини раиси Кумита Салимзода Зиёдулло оид ба “Натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда ҳисобот манзур намуд.

♻️ Қайд гардид, ки Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро баҳри татбиқи сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ дар соҳаи сайёҳӣ роҳандозӣ намуда, дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи вазифаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби Кумита нақшаи чорабиниҳои дохилиидорвӣ оид ба иҷрои бандҳои дахлдор таҳия карда шуд.
Инчунин дар ин давра бо дасгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҷдиди сохтори идоракунӣ ва функсионалии Кумита қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 июни соли 2024 No356 ба тасвиб расида, тибқи он шумораи хизматчиёни давлатии дастгоҳи марказии Кумита аз 32 ба 40 адад гардида, 8 воҳиди корӣ зиёд гардид.

♻️ Сипас тибқи рӯзнома барои натиҷагирии фаъолият дар давраи ҳисоботӣ ва вазифаҳо барои давраи минбаъда сухан ба сардори шуъбаи сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе ва мудири бахши рушди сайёҳӣ дар шаҳри Панҷакент дода шуд. Масъулин аз рафти корҳои анҷомдодашуда, вазъ ва ҳолати рушди соҳаи сайёҳӣ дар маҳал ва иҷрои нақшаҳои гуруҳи кории ҷумҳуривӣ ва Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба соҳаи сайёҳӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруза намуданд.

♻️ Аз ҷониби Раиси Кумита ба тамоми роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва маҳаллӣ оид ба татбиқи самараноки бандҳои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2026, иштирок ва ташкили гушаҳои сайёҳӣ дар ҳамагуна чорабиниҳои оммавӣ, рушди сайёҳии дохилӣ, аҳамияти ҷидди зоҳир намудан ба шарту шароити қабулу хизматрасонӣ дар субектҳои хизматрсонии соҳаи сайёҳӣ, ва такмили омор супришҳои мушаххас дода шуд.

♻️ Тибқи регламент сухан ба муовини сардори раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Мукаддасзода дода шуда, мавсуф аз тамоми сардорони воҳидҳои сохтории марказии Кумита ва роҳбарони шуъбаву бахшои рушди сайёҳӣ дар маҳал даъват ба амал овард, ки дар рафти вохурӣ ва чорабиниҳо оид ба бандҳои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 декабри соли 2023 ироа гардид, корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода, баҳри муаррифии имконияту зарфиятҳои кишвар вобаста таблиғотиву ташвиқот чораҳои амалӣ андешанд.

♻️ Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Кумита барои натиҷагирии фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои минбаъда баъд аз шунидани ҳисобтҳотҳо ва баррасиву музокироти масъалаҳои марбут ба соҳаи сайёҳӣ бо дастгирии якҷояи аъзоёни Ҳайати мушовар қаноатбахш арзёбӣ гардид.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP14.04
US TJS/USD10.66
EU TJS/EUR11.84
RU TJS/RUB0.12
07 Sep · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 07 Sep 2024 00:20 UTC
Latest change: 07 Sep 2024 00:20 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
04:37, September 8, 2024
temperature icon 15°C
Humidity 58 %
Pressure 1017 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph