Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи табрикӣ ирсол намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст: «Ҷаноби Олӣ, Ба муносибати пирӯзиатон дар интихоботи Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон сарфарозам ба Шумо табрикоти самимӣ ва таманниёти неки хешро иброз намоям. Пирӯзии Шумо […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Кир Родни Стармер барқияи табрикӣ ирсол намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ муҳтарам Кир Родни Стармер барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст: «Ҷаноби Олӣ, Дар иртибот ба пирӯзии баҳснопазири Ҳизби лейбористон дар интихобот ва таъин гардиданатон ба маснади Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи […]

Анҷоми сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

6 июл сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои 4-6 июл ҷараён дошт, ба анҷом расид. Бо нишони эҳтиром ва самимияти хос меҳмони олиқадр – Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпинро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гусел намуданд. Роҳбари кишвари ҳамсоя баъди анҷоми сафари пурмаҳсули давлатӣ […]

Шоми дӯстӣ ба истиқболи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин

Бегоҳии рӯзи 5 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин, ки бо сафари давлатӣ дар Тоҷикистон қарор доранд, дар қароргоҳи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёфати ғайрирасмӣ оростанд, ки бо самимияти хосаш ба як маҳфили Шоми дӯстӣ табдил ёфт. Шоми дӯстӣ ба истиқболи меҳмони олимақом, роҳбари ҳамсоякишвари бузурги Тоҷикистон […]

Ифтитоҳи биноҳои Парлумони Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

5 июл дар доираи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба Тоҷикистон маросими ифтитоҳи биноҳои Парлумони Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин дар вазъияти тантанавӣ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ расман ба фаъолияти ду иншооти муҳташаму муосир – Парлумони Тоҷикистон […]

Изҳороти матбуотӣ аз рӯйи натиҷаҳои сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори умум, Дӯстони гиромӣ! Нахуст бо камоли самимият мехоҳам аз номи мардуми Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам меҳмони азизамон, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Си Ҷинпинро бори дигар хайрамақдам бигӯям. Мо ин ташрифи Шуморо, дӯсти гиромӣ, чун рӯйдоди муҳим дар таърихи муосири муносибатҳои кишварҳоямон арзёбӣ менамоем. Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори умум, […]

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкории Тоҷикистону Чин ва нишасти матбуотӣ

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин дар Қасри миллат маросими имзо ва табодули санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид. Дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо дар маҷмуъ 29 ҳуҷҷати муҳими танзмкунандаи муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои мухталиф имзо карда шуд. Нахуст, Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин Изҳороти муштараки […]

Маросими сарфарозгардонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин – ордени “Дӯстӣ”

5 июл пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин дар Қасри миллат бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар маросими сарфарозгардонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин – ордени “Дӯстӣ” баргузор гардид. Мутобиқи “Қонуни Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрии давлатӣ” барои саҳми арзанда […]

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин

Баррасии масоили рушду густариши минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистону Чин дар вохӯрии хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар мулоқот бо ҳайатҳои васеи ду ҷониб идома ёфт. Нахуст, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақом – Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ва ҳайати расмии кишвари ҳамсояро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд. “Мо дар шахсияти Шумо, ҷаноби Раис, […]

Маросими истиқболи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар Қасри миллат

5 июл маросими истиқболи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин дар майдони Қасри миллат, ки ба ин хотир идона ороста буд, баргузор гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони воломақомро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд. Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, […]