Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
09:13, September 8, 2024
temperature icon 21°C
Humidity 43 %
Pressure 1017 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ноиби Президенти Бонки умумиҷаҳонӣ Антонелла Бассани ва ноиби Президенти Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ Хела Шейхроухуро ба ҳузур пазируфтанд

1 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноиби Президенти Бонки умумиҷаҳонӣ Антонелла Бассани ва ноиби Президенти Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ Хела Шейхроухуро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо сохторҳои гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ аз ҷумла Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ баррасӣ шуд.

“Тоҷикистон Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳониро яке аз  шарикони асосии худ медонад” – иброз доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат.

Таъкид гардид, ки давоми 30 соли ҳамкории пурсамар портфели маблағгузории Бонк аз Ассастсиатсияи байналмилалии рушд ва Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар маҷмуъ беш аз 190 лоиҳаро бо маблағи умумии зиёда аз 3,2 миллиард доллар дар бар мегирад.

Ҷонибҳо зимни мулоқот таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисоди Тоҷикистон ва хавфҳои афзоишёбанда ба робитаҳои тиҷоратӣ дар бозорҳои ҷаҳониро муҳокима намуданд.

Дар ин зимн тобовар намудани иқтисодиёт ба таҳдиду хатарҳои имрӯза, пеш аз ҳама, бо роҳи ҷалби бештари сармоя ва идомаи раванди ислоҳот тақозои замон номида шуд.

Дар рафти суҳбат ҳамчунин масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ, энергетикӣ, саноат, кишоварзӣ, инфрасохторию коммуникатсионӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва коҳиш додани шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид. 

Пешбурди иқтисоди сабз, истеҳсоли “неруи сабз”, рақамикунонӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои “сабз” аз мавзуъҳои дигар ва муҳими вохӯрӣ буд.

Дар идомаи суҳбат Президенти кишвар бо истифода аз ҳузури хонум Шейхроуху, алоқамандии Тоҷикистонро ба истифодаи фаъоли имкониятҳои ҳамкорӣ бо Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ иброз намуданд.

Густариши муносибатҳо бо Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ ҷиҳати инкишофи бозорҳои молиявӣ, зерсохтори энергетикиву бахшҳои воқеии итисодиёт, соҳаҳои сайёҳиву хизматрасонӣ зарур шумурда шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша сурат гирифт.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP14.04
US TJS/USD10.66
EU TJS/EUR11.84
RU TJS/RUB0.12
08 Sep · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 08 Sep 2024 00:45 UTC
Latest change: 08 Sep 2024 00:45 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
09:13, September 8, 2024
temperature icon 21°C
Humidity 43 %
Pressure 1017 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph