Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
09:15, September 8, 2024
temperature icon 21°C
Humidity 43 %
Pressure 1017 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph

Муаррифии Тиргон ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ

30 июни соли 2024 дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе Ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши “Хушкмеваҳои Тоҷикистон” бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва меҳмонону сокинони пойтахт бо як шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд.

Дар баробари дигар вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллӣ гӯшаи сайёҳии мамлакат ташкил гардида, ин ҷашни қадимаи миллӣ ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ муаррифӣ гардид.

Қобили қайд аст, ки тибқи ҳадафҳои стратегӣ дар ибтидо бренди сайёҳии кишвар тавассути амалигардонии чорабиниҳо муайян шуда, бо мурури ворид шудани маълумоти нави иловагӣ аз сайёҳони воқеӣ ва эҳтимолӣ тағйирот дохил карда шуда, ба муаррифӣ намудани мамлакат мусоидат менамояд. Унсурҳои таркибии бренд, хусусият ва услуби тарғиби онро муайян менамоянд.

Ҳар як ҷашну ойин ва маросим гӯяндаи таърихи ҳамагон ва тамаддуни таърихӣ аст. Дар таърихи бостон аҳамияти баргузории ҷашни Тиргон ба ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва Сада баробар аст.

Боиси хушнудист, ки дар саросари мамлакати азизамон мардуми Тоҷикистон Тиргонро бо шукӯҳ, бо иҷрои расму оинҳояш баргузор менамояд.

Таҷлили идҳои хос ба кишоварзӣ, аз ҷумла намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзӣ, ҷашнҳои “Сада”, “Тиргон”, “Меҳргон”, идҳои “Зардолу” “Харбуза ва асал”, эълон намудани Иди ангур ва Иди себ диққати сайёҳону меҳмонони хориҷиро ба кишвари офтобрӯяи мо бештар ҷалб намуда, лаззати меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон ҳамеша дар хотироти онҳо боқӣ мемонад ва ин ҳолат ба рушди сайёҳии аграрӣ мусоидат менамояд.

Меваҳои шаҳдбор ва аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон, аз ҷумла ангур, шафтолу, зардолу, гелос, себ, нок ва ҷамъоварии онҳо бевосита дар боғҳо, сабзавоти тару тоза, маҳсулоти полезӣ, чун харбузаю тарбуз, меваи хушк, асали болаззаттарин, афшураи меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза заминаи рушди сайёҳии кишоварзӣ ё худ агротуризм ба шумор мераванд.

Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳӣ таблиғу ташвиқи мавзеъҳои сайёҳии деҳот ва ташкили хатсайрҳо дар арафаи идҳои миллии мардумӣ ба роҳ монда шудааст.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP14.04
US TJS/USD10.66
EU TJS/EUR11.84
RU TJS/RUB0.12
08 Sep · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 08 Sep 2024 00:45 UTC
Latest change: 08 Sep 2024 00:45 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
09:15, September 8, 2024
temperature icon 21°C
Humidity 43 %
Pressure 1017 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph