Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
09:13, September 8, 2024
temperature icon 21°C
Humidity 43 %
Pressure 1017 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph

МУЛОҚОТ РАИСИ КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ БО ГУРӮҲИ ДӮСТИИ БАЙНИПАРЛУМОНИИ ТОҶИКИСТОНУ АРАБИСТОНИ САУДӢ

28-уми июни соли 2024 раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод бо раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ доктор Муҳаммад ибни Абдулазиз Ал-Ҷарбо мулоқот намуд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ пас аз сухани ифтитоҳӣ, ба меҳмонон оид ба мавҷудияти имкониятҳои фаровони сайёҳӣ, хусусан сайёҳии экологӣ, зиёратӣ, солимгардонӣ, кишоварзӣ ва шикор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, сиёсати созанда ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди ноил гаштан ба дастовардҳои беназири соҳаи сайёҳӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ бисёр муҳим арзёбӣ намуд.

Меҳмонон дар навбати худ ба фарҳанги волои пазироӣ ва меҳмоннавозии самимии мардуми сарбаланди тоҷик баҳои баланд дода, аз тозагии гулгашту хиёбонҳои зебои шаҳри Душанбе, чеҳраи кушоди сокинони пойтахт ва вусъати корҳои бунёдкорию ободонӣ дар қаламрави кишвар ситоиш намуданд.

Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо таъкид намуданд, ки нақши робитаҳои байнипарлумонӣ ва саҳми Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Арабистон дар рушди муносибатҳои ду кишвар муҳим мебошад. Дар ин замина иштироки мақомоти сайёҳии кишварҳоро дар намоишгоҳҳои сайёҳии ҳамдигар қадами устувор ва барҷаста дар таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ арзёбӣ намуданд.

Ҳамчунин масъалаҳои тақвияти кори Гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии ду кишвар дар оянда, табодули сафар ва таҷриба, мусоидат дар густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вохурӣ бо меҳмонон дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом ёфт.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP14.04
US TJS/USD10.66
EU TJS/EUR11.84
RU TJS/RUB0.12
08 Sep · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 08 Sep 2024 00:45 UTC
Latest change: 08 Sep 2024 00:45 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
09:13, September 8, 2024
temperature icon 21°C
Humidity 43 %
Pressure 1017 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph