Дар шаҳри пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе имрӯз сеюмин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» кори худро ҳусни оғоз бахшид.
Дар ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ иштироки зиёда аз 2000 намоянда аз 130 давлат дар назар дошта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз соли 2000 инҷониб бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 7 қатънома вобаста ба ҳалли масъалаҳои об қабул намуд, ки ин иқдоми бузург дар боло рафтани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон заминаҳои мусоид фарҳам овард.
Аз ҷумла, соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005 – 2015 Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», «Соли 2013- Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», солҳои 2018 – 2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ва ниҳоят, 14 декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва дар рӯйхати ҷашнвораҳои байналмилалӣ ворид гардидани санаи 21 март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» аз муҳимтарин иқдомоти ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд.
Аз ҳамин хотир ҷомеаи байналмилалӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси поягузори ҳамаи ташаббусу иқдомҳои байналмилалӣ дар соҳаи об эътироф кардааст.