Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
12:23, July 27, 2024
temperature icon 39°C
Humidity 18 %
Pressure 1000 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассерро ба ҳузур пазируфтанд

10 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассерро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки исломии рушд баррасӣ гардид.

 “Тоҷикистон Бонки исломии рушдро яке аз шарикони муҳими худ медонад ва мо аз ҳамкории судманд бо он қаноатмандем”, изҳор доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Таъкид гардид, ки Бонки исломии рушд ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар Тоҷикистон то имрӯз дар ҳаҷми 916 миллион доллар маблағгузорӣ намудааст. Ҳоло аз ҷониби Бонк дар ҳаҷми 237 миллион доллар 7 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, обёрӣ, маориф ва тандурустӣ маблағгузорӣ мешавад.

Ҷонибҳо зимни суҳбат масъалаҳои густариши муносибатҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноату кишоварзӣ, нақлиёт, ташкили марказҳои логистикӣ, рушди сайёҳӣ, бонкдорӣ, коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди Тоҷикистон ва идомаи ислоҳотро муҳокима карданд.

Дар ин робита Сарвари давлати мо ба роҳбарияти бонк барои иқдомот ҷиҳати маблағгузории татбиқи лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” изҳори сипос намуданд.

Дар рафти мулоқот алоқамандии Тоҷикистон ба идомаи ҳамкориҳо бо Бонк дар доираи Стратегияи ҳамкории дуҷониба барои солҳои 2023-2026, Созишнома бо Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо ва Барномаи “Дастгирии стратегияи миллии рушди маориф” таъкид гардид.

Дар шароити имрӯзаи тағйирёбии иқлим истифода аз “энергияи сабз”, рушди “иқтисоди сабз”, рақамикунонӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои “сабз” дар соҳаҳои гуногуни иқтисод зарур шумурда шуд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша намуданд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.7
US TJS/USD10.64
EU TJS/EUR11.56
RU TJS/RUB0.12
27 Jul · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 27 Jul 2024 00:40 UTC
Latest change: 27 Jul 2024 00:40 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
12:23, July 27, 2024
temperature icon 39°C
Humidity 18 %
Pressure 1000 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph