Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
08:38, December 27, 2024
temperature icon -2°C
Humidity 86 %
Pressure 1033 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара

Ҳозирини гиромӣ!

Мулоқоти анъанавии мову шумо дар давраи ба анҷом расидани мавсими киштукори баҳорӣ ва оғози ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мегардад.

Мо бояд масъалаҳои таъмин намудани фаъолияти устувори соҳаи кишоварзӣ, самаранокии он, баланд бардоштани маданияти истифодаи обу замин ва дигар захираву имкониятҳои афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаро баррасӣ намоем.

Зеро торафт шиддат гирифтани ҳолатҳои буҳронӣ дар ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла низоъҳои мухталифи минтақавӣ, таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он, аз ҷумла хушксолии паиҳам моро водор менамоянд, ки барои тобовар гардонидани иқтисоди Тоҷикистон ба таъсири манфии омилҳои берунӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории кишварамон аз тамоми иқтидору заҳираҳои мавҷуда самаранок истифода барем.

Чунин имкониятҳо, махсусан, дар соҳаи кишоварзӣ, ки яке аз манбаъҳои асосӣ барои ноил шудан ба амнияти озуқаворӣ, истеҳсоли ашёи хом барои корхонаҳои саноатӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва ҳарчи бештар бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ маҳсуб меёбад, зиёд мебошанд.

Моро зарур аст, ки кишти зироатҳо ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро сол ба сол зиёд кунем ва бозори истеъмолии мамлакатро дар ҳама фаслҳои сол бо озуқаворӣ таъмин намуда, вобастагии иқтисоди кишварро аз воридоти маводи ғизоӣ мунтазам коҳиш диҳем.

Таъкид менамоям, ки танҳо бо саъю талоши ҳар як сокини мамлакат ва дар навбати аввал, роҳбарону кормандони соҳаи кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҳар як оилае, ки замини президентиву наздиҳавлигӣ дорад, мо метавонем ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне ҳифзи амнияти озуқаворӣ, дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ноил гардем.

Барои таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолии дохилӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал, ташкил кардани захираи кофии он, пешгирӣ кардани болоравии беасоси нархҳо, ба роҳ мондани фаъолияти муназзами ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҳар як роҳбар ва шахси масъул бояд муносибати ҷиддӣ ва масъулияти баланд зоҳир намояд.

Бомаром идома додани нақшаҳои созандагиву бунёдкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармояи ватаниву хориҷӣ, истифодаи самараноки манбаъҳои мавҷуда, дарёфти сарчашмаҳои иловагии рушд ва дигар тадбирҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин дар ин самт мебошанд.

Дар чор моҳи аввали соли 2024 дар кишвар ба маблағи 5 миллиарду 158 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,1 фоиз зиёд мебошад.

Албатта ин хуб аст.

Аммо имкониятҳо барои рушди соха ҳоло ҳам зиёданд.

Вилояти Хатлон нисбат ба дигар минтақаҳои мамлакат барои афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ имкониятҳои бештар дорад ва кишоварзони вилоят дар шароити ҳассоси ҷаҳони муосир дар ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва таъмин намудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ бояд беш аз ҳар вақти дигар ҳиссагузор бошанд.

Тибқи маълумот дар моҳҳои январ – апрели соли 2024 кишоварзони вилоят ба маблағи 2 миллиарду 350 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 8 фоиз зиёд мебошад.

Вале нишондиҳандаи мазкур бо дарназардошти ҳадафҳои гузошташудаи стратегӣ ва имкониятҳои вилоят ҳанӯз қонеъкунанда нест.

Дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ дар шаҳру ноҳияҳои Норак 56 фоиз, Темурмалик 29, Данғара 11, Кушониён 9, Панҷ 6 фоиз ва маҳсулоти чорводорӣ дар ноҳияи Ёвон беш аз 7 фоиз коҳиш ёфтааст.

Дар вилоят заминҳои партов ҳоло ҳам зиёд буда, майдони онҳо 16 ҳазор гектар, аз ҷумла замини обӣ зиёда аз 14 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.

Дар чунин шароит 18 пойгоҳи обкашӣ фаъолият надорад, ки боиси беоб мондани беш аз 5 ҳазор гектар замин гардидааст.

Инчунин, дар вилояти Суғд 16 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 22 пойгоҳи обкашӣ фаъолият накардааст, ки мутаносибан 3,8 ҳазор гектар ва 3,3 ҳазор гектар замин бо об таъмин нагардидааст.

Соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бинобар корҳои ғайриқаноатбахши хоҷагидорӣ қариб 900 гектар заминҳои корами обӣ аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд.

Таъкид менамоям, ки иҷрои супоришҳои қаблан додашуда доир ба ин масъалаҳо дар сатҳи зарурӣ таъмин нашуда истодааст.

Ҳарчанд ки ба ҳолати 17-уми май дар вилоят дар майдони қариб 200 ҳазор гектар ё 97 фоизи дурнамо кишти баҳорӣ анҷом дода шудааст, вале иҷрои дурнамои кишти картошка ҳамагӣ 80 фоиз, полизӣ 93 фоиз ва зироатҳои хӯроки чорво 87 фоизро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла кишти картошка дар шаҳру ноҳияҳои Муъминобод ҳамагӣ 16 фоиз, Шамсиддини Шоҳин 25, Ховалинг 38, Бохтар 49 ва Балҷувон 66 фоизи дурнаморо ташкил додааст.

Чунин ҳолат дар аксари шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ ба назар мерасад.

Иҷрои дурнамои кишти картошка дар Роғун ҳамагӣ 5 фоиз, Варзоб 8, Файзобод 21, Рашт 30, Тоҷикобод 33, Лахш 58, Нуробод 45, Сангвор 55, Ҳисор 59 ва Рӯдакӣ 70 фоизро ташкил додааст.

Ҳамчунин, дурнамои кишти пахта дар шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат ҳамагӣ 17 фоиз, Рӯдакӣ 57, Шаҳринав 60 ва Ҳисор 71 фоиз таъмин гардидааст, ки хеле ташвишовар мебошад.

Инчунин, боиси нигаронӣ мебошад, ки истеҳсоли гӯшти паранда дар кишвар дар моҳҳои январ – апрели соли 2024 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24 фоиз коҳиш ёфта, ҳамагӣ 12,2 ҳазор тоннаро ташкил додааст.

Аз ҷумла дар вилояти Хатлон истеҳсоли гӯшти паранда ба 2,8 ҳазор тонна баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,2 ҳазор тонна ё 31 фоиз кам шудааст.

Дар як қатор корхонаҳои парандапарварии шаҳру ноҳияҳои вилоят истеҳсоли тухм низ коҳиш ёфтааст.

Аз ҷумла истеҳсоли гӯшти паранда дар ноҳияи Ёвон аз ҳисоби корхонаҳои парандапарварии «Беҳамто» 927 тонна, ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Мурғи обӣ» 59 тонна ва «Муҳаммад Амин» 23 тонна, дар ноҳияи Вахш 68 тонна, дар шаҳри Кӯлоб 31 тонна ва дар ноҳияи Кушониён 66 тонна кам шудааст.

Коҳишёбии истеҳсоли тухм дар ноҳияи Панҷ 1,9 миллион дона, шаҳри Левакант 118 ҳазор дона ва ноҳияи Ёвон 132 ҳазор дона ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамзамон бо ин, ваъзи иҷрои супоришҳои додашуда ба Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он ҷиҳати рушд додани соҳаи хучпарварӣ ва зиёд намудани майдони боғоти он дар вилоят, махсусан, дар ноҳияҳои Восеъ, Балҷувон, Ховалинг, Муъминобод ва Шамсиддини Шоҳин қонеъкунанда нест.

Хотирнишон менамоям, ки солҳои охир бинобар омилҳои пешгӯинашаванда, бахусус, тағйирёбии бесобиқаи иқлим ва оқибатҳои ногувори он, инчунин, болоравии нархи маҳсулоти озуқа таъминоти аҳолӣ бо маводи ғизоӣ дар ҷаҳон торафт мушкил гардида истодааст.

Дар кишвари мо низ тирамоҳу зимистони гузашта камбориш ва обу ҳавои баҳори имсола номусоид омада, таъсири манфии худро ба соҳаҳои мухталифи кишвар, хусусан, ба соҳаҳои кишоварзӣ ва энергетика расонид.

Чунин ҳолат моро водор месозад, ки дар ҳамаи сатҳҳо, аз ҳар як оила сар карда, то муассисаҳои иҷтимоӣ ва хоҷагиву корхонаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва обро дар тамоми фаслҳои сол таъмин намоем.

Дар баробари ин, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо якҷо бо хоҷагиҳои кишоварзӣ ҷиҳати иҷрои дурнамои кишти зироатҳо, хусусан пахта, картошка ва ғалладонагиву лӯбиёгиҳо, истифодаи самараноки замин ва зиёд намудани майдони кишт, кишти такрорӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо чораҳои зарурӣ андешанд.

Ба ин васила бояд рушди муназзами истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ барои таъмини бозори истеъмолии кишвар, соҳаи саноат бо ашёи хом ва афзоиши содироти маҳсулот таъмин карда шавад.

Ба Вазорати кишоварзӣ ва роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки ҷиҳати пурра ба анҷом расонидани кишти баҳории зироатҳо ва иҷрои нақшаи кишти такрорӣ тадбирҳои муассир андешида, масъалаи таъмин намудани хоҷагиҳоро бо тухмии аълосифати картошкаю сабзавот ва дигар намуди зироатҳо, инчунин, нуриҳои маъданӣ зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Ҳамчунин зарур аст, ки барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили ғалладона чораҷӯӣ намуда, кишти такрорӣ бештар аз ҳисоби картошка, шолӣ, маккадон ва лӯбиёгиҳо васеъ ба роҳ монда шавад.

Ба раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва дигар вазорату идораҳо зарур аст, ки ҷиҳати қатъиян таъмин намудани иҷрои супоришҳо вобаста ба ислоҳи камбудиҳо ва рушди соҳа чораҷӯӣ намоянд.

Ҳамчунин, зарур аст, ки ба масъалаҳои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, ба гардиши кишоварзӣ баргардонидани заминҳои бекорхобида, аз худ кардани заминҳои нав ва бо усули обёрии қатрагӣ зиёд намудани масоҳати заминҳои кишт эътибори ҷиддӣ дода шавад.

Тибқи маълумот дар моҳои январ – апрели соли 2024 аз кишвар 84,3 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 50 фоиз зиёд мебошад.

Аз ҷумла содироти меваю сабзавот 40 ҳазор тоннаро ба маблағи 158 миллион сомонӣ ташкил дода, беш аз 30 афзоиш ёфтааст.

Аз ин нишондиҳанда 32 ҳазор тонна ба маблағи 145 миллион сомонӣ ё 92 фоизи меваю сабзавоти содиротшуда ба вилояти Суғд рост меояд.

То ба имрӯз аз вилояти Суғд ба хориҷи кишвар 11 ҳазор тонна меваи хушк ва зиёда аз 1000 тонна танҳо гелосу зардолу содирот шудааст.

Вилояти Хатлон дар самти содироти меваю сабзавот, бахусус, меваю сабзавоти барвақтӣ иқтидори бузург дорад, вале истифодаи ин имкониятҳо ҳанӯз ба таври кофӣ ба роҳ монда нашудааст.

Соли гузашта ҳиссаи вилояти Хатлон дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии кишвар 56 фоизро ташкил додааст, вале дар 4 моҳи аввали соли ҷорӣ ҳиссаи содироти меваю сабзавот аз вилоят ҳамагӣ 6 фоизи содироти умумии меваю сабзавоти кишварро ташкил додааст, ки чунин вазъ андешидани чораҳои иловагиро тақозо менамояд.

Ҳоло дар вилоят 72 сардхона бо иқтидори умумии нигоҳдории 27 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ мавриди истифода қарор дорад, ки барои пурра таъмин намудани эҳтиёҷоти бозори истеъмолӣ ва содироти минбаъдаи он кофӣ нест.

Доир ба бунёди сардхонаву гармхонаҳо супоришҳои дахлдор дода шуда буданд, вале иҷрои онҳо ҳанӯз дар сатҳи зарурӣ таъмин нашудааст.

Бори дигар ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода мешавад, ки ҷиҳати мунтазам таъмин намудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифат ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватаниву хориҷӣ доир ба ташкили корхонаҳои нави коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, банду басти он ва таъсиси марказҳои логистикӣ вусъат дода шавад.

Таъкид месозам, ки ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин дар вилояти Хатлон ҳоло ҳам ташвишовар мебошанд.

Дар натиҷаи гузаронидани корҳои назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин дар вилоят танҳо дар чор моҳи аввали соли 2024-ум 1824 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардидааст.

Роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки ҷиҳати пешгирӣ кардани ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин тадбирҳои қатъиро роҳандозӣ намоянд.

Бояд гуфт, ки бо сабаби номусоид омадани обу ҳаво, аз ҷумла боришоти зиёд, омадани сел, фаромадани тарма ва ярч ҷиҳати андешидани чораҳои зарурӣ ва пешгирӣ кардани оқибати офатҳои табиӣ 10-уми майи соли ҷорӣ ба Сарвазири мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастурҳои мушаххас дода шуданд.

Бо вуҷуди ин, дар даҳаи дуюми моҳи май дар натиҷаи боридани боронҳои шадид дар баъзе минтақаҳо омадани сел, обхезӣ ва сангрезиш рух дода, дар баробари расонидани зарари иқтисодӣ талафоти ҷонӣ низ ба қайд гирифта шуд.

Ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати пурра бартараф кардани оқибати офатҳои табиӣ ва расонидани кумаки зарурӣ ба зарардидагон тамоми чораҳои заруриро амалӣ намоянд.

Инчунин, якҷо бо кумитаҳои ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҳамкориро дар самти огоҳсозии пешакии аҳолӣ аз хатарҳои эҳтимолии экологӣ ва пешгирӣ намудани оқибатҳои чунин ҳолатҳо тақвият бахшанд.

Саридораи геология бо истифода аз натиҷаҳои бадастомадаи муҳандисиву геологӣ ва бо нишон додани минтақаҳое, ки зери таъсири омилҳои хатарноки табиӣ қарор доранд, ҳарчи зудтар Атласи равандҳои экзогениву геологии кишварро таҳия карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

Ҳозирини муҳтарам!

Ҳоло дар вилояти Хатлон барои расидан ба ҳадафу афзалиятҳои миллӣ ва ҳалли масъалаҳои соҳавӣ 44 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида истодааст, ки дар доираи онҳо то имрӯз 9,7 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст.

Лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, энергетика, нақлиёт, сайёҳӣ ва пешгирии ҳодисаҳои фавқулода равона карда шудаанд.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, роҳбарияти вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои он ва вазорату идораҳои дахлдор вазифадор карда мешаванд, ки барои самаранок амалӣ гардидани лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бунёди сифатноки иншооти пешбинигардида, харидорӣ ва истифодаи мақсадноки техникаву таҷҳизоти замонавӣ пайваста чораҷӯӣ намоянд.

Зарур аст, ки ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ва ватанӣ дар доираи ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла саноатикунонии босуръат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва лоиҳаҳои дар Барномаи давлатии сармоягузорӣ дарҷгардида вусъат дода шавад.

Дар чор моҳи соли 2024 ба иқтисодиёти кишвар аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ 6,6 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки 1,5 миллиард сомонӣ ё 20 фоизи он ба вилояти Хатлон рост меояд.

Ин нишондиҳанда ҳоло ҳам нокифоя мебошад.

Дар ин давра аз ҳаҷми умумии қарзи додашуда дар кишвар ҳамагӣ 17 фоиз ба соҳаи кишоварзӣ ва 9 фоиз ба соҳаи саноат, аз ҷумла дар вилояти Хатлон 29 фоиз ба кишоварзӣ ва 5 фоиз ба саноат дода шудааст, ки барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда мутобиқ нест.

Ба Бонки миллӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ зарур аст, ки барои таъмин намудани дастрасии соҳибкорони хурду миёна ба қарзҳои имтиёзнок ва дарозмуҳлат, махсусан, дар соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ чораҳои амалӣ андешанд.

Дар моҳҳои январ – апрели соли 2024 дар вилояти Хатлон дар ҳаҷми 3,2 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,2 фоиз зиёд мебошад, вале аз суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатии кишвар 3,3 банди фоизӣ кам аст.

Таъкид менамоям, ки тибқи талаботи ҳадафи саноатикунонии босуръат рушди соҳаи саноат ҳамасола бояд на кам аз 20 фоиз таъмин карда шавад.

Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ҳамадонӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 66 фоиз, Ёвон 9,4 фоиз ва Норак 3 фоиз коҳиш ёфтааст.

Дар чор моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 22 корхонаву коргоҳи нав таъсис ёфтааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 41 корхона кам мебошад.

Дар шаҳру ноҳияҳои Вахш, Дӯстӣ, Қубодиён, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Шаҳритус, Носири Хусрав, Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Фархор, Темурмалик, Шамсиддини Шоҳин, Балҷувон ва Норак ягон корхона ё коргоҳи нав таъсис дода нашудааст.

Дар баробари ин, аз 826 корхонаи саноатии вилоят дар ин давра 21 корхона аз фаъолият бозмондааст.

Илова бар ин, дар ин давра дар вилоят истеҳсоли хишт 33 фоиз, ресмони пахтагин 25 фоиз, семент 17 фоиз, гаҷсанг 14 фоиз, бетони сохтмонӣ 12 фоиз ва маҳсулоти дӯзандагӣ 11 фоиз коҳиш ёфтааст.

Хусусан, 34 фоиз коҳиш ёфтани истеҳсоли либоси мактабӣ ташвишовар мебошад.

Дар давраи зикршуда дар 15 шаҳру ноҳияи вилоят, аз ҷумла Вахш, Хуросон, Дӯстӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷайҳун, Ёвон, Левакант, Кӯлоб, Муъминобод, Шамсиддини Шоҳин, Норак, Балҷувон, Ҳамадонӣ ва Ховалинг либоси мактабӣ умуман истеҳсол нашудааст, ки андешидани чораҳои фавриро тақозо менамояд.

Бори дигар таъкид менамоям, ки имкониятҳои истифоданашудаи вилоят дар самти рушди саноат, махсусан, саноати коркард ниҳоят зиёданд, ки ҷиҳати пурра истифода намудани онҳо ташаббускории роҳбарону масъулони вилоят, шаҳру ноҳияҳои он, вазорату идораҳои соҳавӣ, ҷалби сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ ва воридоти технологияҳои пешқадам зарур мебошад.

Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода мешавад, ки якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав сабабҳои барҳам хӯрдани корхонаҳои саноатӣ ва дар сатҳи зарурӣ таъмин нагардидани рушди истеҳсоли маҳсулот дар корхонаҳои саноатиро ҳамаҷониба омӯхта, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

Ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва зиёд намудани суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, бахусус, дар соҳаҳои коркард масъалаҳое мебошанд, ки бояд ба ҳалли онҳо диққати ҷиддӣ дода шавад.

Таъкид менамоям, ки танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем ҳадафи стратегӣ, яъне саноатикунонии босуръатро таъмин намоем.

Тавассути афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, хусусан, молҳои ивазкунандаи воридот мо метавонем бозори дохилиро бо маҳсулоти хушсифат ва безарар таъмин намуда, пеши роҳи воридоти маҳсулоти пастсифат ва зараровари хориҷиро гирем.

Вале воридоти маҳсулоти ниёзи мардум ва дигар намудҳои молу маҳсулот аз хориҷи кишвар, ки барои истеҳсоли онҳо дар вилоят захираҳо фаровонанд, ҳанӯз зиёд мебошад.

Соли 2023 танҳо ба ҳудуди гумрукии вилоят чунин молу маҳсулот ба маблағи 663 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки 23 фоизи ҳаҷми умумии воридоти вилоятро ташкил медиҳад.

Илова бар ин, ба бозори истеъмолии вилоят ин намуди молу маҳсулот тавассути гузаргоҳҳои гумрукии дигар минтақаҳои кишвар дар ҳаҷми зиёд ворид мегардад.

Такроран таъкид месозам, ки барои истеҳсоли чунин молу маҳсулот имкониятҳои васеи вилоят истифода нашуда истодаанд.

Масалан, талаботи бозори истеъмоли вилоят ба маҳсулоти макаронӣ 9 ҳазор тоннаро ташкил дода, соли 2023 дар вилоят ҳамагӣ 505 тонна истеҳсол шудааст, ки 5,6 фоизи талаботро қонеъ мегардонад.

Талабот ба собун дар вилоят 14 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, вале соли 2023 дар вилоят ҳамагӣ 16 тонна истеҳсол шудааст, ки талаботро умуман қонеъ намегардонад.

Ҳамзамон бо ин, талаботи бозори истеъмоли вилоят ба маҳсулоти ҳасибӣ беш аз 3 ҳазор тоннаро ташкил дода, соли 2023 дар вилоят ҳамагӣ 567 тонна ин намуди маҳсулот истеҳсол шудааст, ки 19 фоизи талабот мебошад.

Инчунин, талабот ба равғани растанӣ 42 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, вале дар соли 2023 истеҳсоли он дар вилоят ба 16,5 ҳазор тонна расидааст, ки ҳамагӣ 39 фоизи талаботро қонеъ мегардонад.

Талаботи вилоят ба нуриҳои минералӣ дар як сол беш аз 110 ҳазор тонна мебошад.

Соли 2023 дар вилоят 36,5 ҳазор тонна нурӣ истеҳсол шудааст, ки 33 фоизи талаботи вилоятро ташкил медиҳад.

Соли 2023 танҳо ба ҳудуди гумрукии вилоят ба маблағи қариб 110 миллион сомонӣ 22 ҳазор тонна нурии минералӣ ворид карда шудааст.

Талаботи бозори истеъмоли вилоят ба гӯшти мурғ тақрибан 20 ҳазор тоннаро ташкил дода, дар соли 2023 ин намуди маҳсулот дар вилоят 15 ҳазор тонна истеҳсол шудааст, ки 76 фоизи талаботро қонеъ мегардонад.

Талаботи вилоят ба маводи доруворӣ тақрибан 400 миллион сомониро ташкил дода, соли 2023 дар вилоят ин намуди маҳсулот ҳамагӣ ба маблағи 12 миллион сомонӣ истеҳсол шудааст, ки талаботро умуман қонеъ намегардонад.

Дар соли сипаришуда ба ҳудуди гумрукии вилоят ба маблағи 10 миллион сомонӣ маҳсулоти доруворӣ ворид гардидааст.

Ҳамчунин, қолин, шоколад, консерваи гӯштӣ ва дигар маҳсулоте, ки дар ҳаҷми миллионҳо доллар ба кишвар ворид мешавад, дар ҳудуди вилоят умуман истеҳсол намегардад.

Бинобар ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор доир ба рушди соҳаи саноат, хусусан, саноати сабук, хӯрокворӣ, мошинсозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва доруворӣ тадбирҳои амалӣ андешанд.

Инчунин, ба масъалаҳои ворид намудани технологияҳои муосир ва тавассути коркарди пурраи захираҳои ашёи хоми вилоят, аз ҷумла канданиҳои фоиданок, маҳсулоти кишоварзӣ ва растаниҳои шифобахш афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридот эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Бо ин мақсад зарур аст, ки Вазорати саноат ва технологияҳои нав якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодиро пурра истифода намоянд, инчунин паркҳои технологӣ ва маҷмааҳои саноативу агросаноатиро ташкил ва рушд диҳанд.

Ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо якҷо бо Вазорати молия ва Кумитаи андоз, ҳамчунин, супориш дода мешавад, ки ҷиҳати сари вақт ва пурра ҷамъоварӣ намудани андозҳо, кам кардани бақияпулии онҳо ва роҳ надодан ба қарздории музди меҳнат тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Хотиррасон менамоям, ки дар паёми Президенти кишвар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор гардиданд, ки дар ду соли минбаъда низоми пардохтҳои ғайринақдиро дар ҳамаи соҳаҳо пурра ҷорӣ кунанд.

Инчунин, супориш дода шуд, ки ба раванди рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҳамчун масъалаи муҳимтарин дар фаъолияти мақомоти давлатӣ суръат бахшида шавад.

Зеро гузариш ба низоми пурраи пардохтҳои ғайринақдӣ ва истифодаи технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва соҳаҳои мухталиф метавонад рушди бемайлони иқтисодии кишварро таъмин намояд.

Гузариш ба ин низом имкон медиҳад, ки роҳандозии шаффофияти амалиёти молиявӣ ва пурра ба расмият даровардани муносибатҳои иқтисодӣ, бамаротиб афзудани даромади буҷети давлатӣ, паст кардани хароҷот, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, рақобатнокии субъектҳои хоҷагидор ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, хусусан, хизматрасониҳои давлатӣ таъмин карда шавад.

Аз ин лиҳоз, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат вазифадоранд, ки ҷиҳати таъмини пурра ва саривақтии супоришҳои додашуда тамоми чораҳои заруриро амалӣ намоянд.

Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати мамлакат амалигардида вазъи муассисаҳои таълимии кишвар беҳтар гардида истодааст.

Бо вуҷуди ин, дар вилояти Хатлон як қатор масъалаҳо, аз ҷумла дар сатҳи паст қарор доштани фарогирии кӯдакон ба зинаи таҳсилоти томактабӣ ва дар сатҳи зарурӣ ҷалб нагардидани соҳибкорону сармоягузорон барои бунёди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ ҷой доранд.

Илова бар ин, масъалаҳои дар ҳолати садамавӣ қарор доштани бинои 114 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва таъмирталаб будани бинои 89 муассисаи таҳсилоти умумӣ, дар се баст фаъолият намудани 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва нарасидани кадрҳои омӯзгорӣ низ ҳанӯз ҳалталаб боқӣ мемонанд.

Роҳбарияти вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки ҷиҳати ислоҳи саривақтии камбудиҳои мавҷуда тадбирҳои мушаххас андешанд.

Аз ҷониби мақомоти дахлдор дар асоси нақшаи муштарак рӯзи 17-уми майи соли ҷорӣ дар 3592 мактаби миёнаи кишвар санҷиши ногаҳонӣ гузаронида, раванди таълиму тарбия ва дар дарсҳо ҳозир будани омӯзгорону хонандагон мавриди омӯзиш қарор дода шудааст.

Дар вилояти Хатлон 1333 муассисаи таҳсилоти миёна санҷида шуда, маълум гардид, ки 39 ҳазор хонандагон дар дарсҳо бе ягон сабаб иштирок надоранд.

Ҳамчунин, 12 ҳазор хонанда бе воситаҳои таълимӣ, яъне китобу дафтар ва дигар ашёи хониш, қариб 12 ҳазор хонанда бо либосҳои ғайримактабӣ ба дарс омадааст.

Аз шумораи умумии омӯзгорон 810 нафар дар машғулиятҳо бесабаб ҳузур надоштанд, 617 омӯзгор бидуни омодагӣ ва 744 омӯзгор бо намуди зоҳирии номуносиб ба муассисаҳои таълимӣ ҳозир шудаанд.

Ҳоло дар муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон 811 омӯзгор, аз ҷумла 415 муаллими фанҳои дақиқ ва 396 муаллими фанҳои гуманитарӣ намерасад.

Айнан чунин ҳолат дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт ошкор шудааст.

Аз вазири маориф ва илм, роҳбарони вилоятҳо, аз ҷумла вилояти Хатлон ва ҳамаи шаҳру ноҳияҳо қатъиян талаб карда мешавад, ки барои бартараф кардани ҳолати зикршуда чораҳои фаврӣ андешанд ва аз натиҷааш дар муҳлати ду ҳафта ба Ҳукумати мамлакат ҳисобот диҳанд.

Дар соҳаи тандурустии вилоят низ як қатор мушкилоти ҳалталаб, аз ҷумла норасоии 720 табиб, ба талабот мутобиқ набудани бинои баъзе муассисаҳои тандурустӣ ва кам будани воситаҳои нақлиёти тиббӣ мушоҳида мегарданд.

Ба роҳбарияти вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода мешавад, ки якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта чораҳои қатъӣ андешанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар кишвар бунёду барқарорсозии 28 ҳазору 435 иншооти таъиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ, аз ҷумла 6 ҳазору 260 иншоот дар вилояти Хатлон ба нақша гирифта шудааст.

Ба ҳолати 10 майи соли ҷорӣ дар саросари кишвар бештар аз 11 ҳазор иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шудааст, ки 39 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Дар вилояти Хатлон 2809 иншоот мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст, ки ба 45 фоизи нақшаи пешбинигардида баробар мебошад.

Иҷрои нақша дар як қатор шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла Кушониён аз ҳисоби миёнаи иҷрои нақша дар вилоят 38 фоиз, Ёвон 29, Ҷайҳун 23, Муъминобод 25, Кӯлоб 23, Данғара 25, Шамсиддини Шоҳин 34 ва Балҷувон 37 фоиз кам мебошад.

Ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар ва вазорату идораҳое, ки масъули иҷрои корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар таъин гардидаанд, супориш дода мешавад, ки барои иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаҳои пешбинигардида, инчунин, риояи меъёрҳои қабулшудаи сохтмон ва санъати баланди меъморӣ чораҳои мушаххас андешанд.

Бо истифода аз иштироки роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мехоҳам як нуктаи муҳимро таъкид намоям.

Ҳамаи шумо барои бартараф кардани камбудиҳое, ки рӯзи 9-уми март дар мулоқоти Роҳбари давлат бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони динӣ баён гардиданд ва нақшаи чорабиниҳои дар асоси он тасдиқшуда масъулияти шахсӣ доред.

Зеро роҳбариву сарварии ин ё он шаҳру ноҳия ё ҷамоати шаҳраку деҳот ба зиммаи шумо гузошта шудааст.

Яъне шумо вазифадор ҳастед, ки мардумро сарварӣ кунед, мушкилоту масъалаҳои ҳаёти сокинони шаҳру ноҳияҳоро сари вақт ҳаллу фасл намоед, пеш аз ҳама, худатон ташаббускору намунаи ибрат бошед ва фаромӯш накунед, ки мардум ба шумо мувофиқи рафтору гуфторатон баҳо медиҳанд.

Дар суханронии худ рӯзи 9-уми март қариб тамоми масъалаҳои ҳалталаби ҷомеа, равандҳои номатлубу хатарнок барои сулҳу субот, оромиву осоиши мардуми кишвар ва роҳҳои бартараф кардани онҳоро баён намудам.

Шумо бояд дар ҳалли ин масъалаҳо пешсаф бошед, муросокориву дурӯягӣ ва бетарафию бепарвоӣ накунед.

Сабақи талхи бетарафиро мардуми кишвар ва аз ҳама зиёд сокинони вилояти Хатлон аз сар гузарониданд.

Мову шумо бояд ҳамеша шукронаи сулҳу оромиро ба ҷо оварем, мардум, аз ҷумла ҷавононро ба роҳи дуруст ва ободкориву созандагӣ ҳидояту роҳнамоӣ кунем.

Барои иҷрои вазифаҳои гузошташуда ва амалӣ намудани ҳадафу нақшаҳои созанда ба ҳамаи сокинони вилоят ва ба шумо – роҳбарону фаъолони вилоят барори кор мехоҳам.

Саломат бошед!

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.7
US TJS/USD10.93
EU TJS/EUR11.37
RU TJS/RUB0.11
27 Dec · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 27 Dec 2024 00:30 UTC
Latest change: 27 Dec 2024 00:30 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
08:38, December 27, 2024
temperature icon -2°C
Humidity 86 %
Pressure 1033 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph