24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара дар деҳоти Ғарғараи деҳоти Корез майдони Парчами давлатиро ифтитоҳ карданд.
Майдони Парчами давлатӣ дар мавзеъи зебоманзари маркази деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ аз ҷониби як гурӯҳ соҳибкорони ватандусту ташаббускор бунёд гардидааст.
Дар ин ҷо дар вазъияти тантанавӣ бо садо додани суруди миллӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта шуд.
Пояи Парчами давлатӣ бо баландии 54 метр қомат афрохта, дарозии матои Парчами миллӣ 14 метр ва паҳноии он 7 метр мебошад.
Дар майдони гулгашти Парчами давлатӣ фавораи замонавӣ сохта шудааст, ки ба он ҳусну зинат мебахшад.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи майдони Парчами давлатии Тоҷикистон бо мақсади арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ дар замири шаҳрвандони кишвар махсусан наврасону ҷавонон дар марказ ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои мамлакат парафшон карда мешавад.
Муқаддасоти миллӣ – мояи ифтихору сарбаландӣ ва шарафмандии сокинони кишвар буда, ҳамагонро ба дӯст доштани Ватан ва ҳимояи ин сарзамини биҳиштосои аҷдодӣ ҳидоят менамояд.
Ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, ифтихори миллӣ, садоқат ба тамаддуну фарҳанги ниёгон, корҳои бунёдкориву созандагӣ баҳри рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол вазифаи ҳар як сокини ватандӯст мебошад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи Парчами давлатиро дар деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара рамзи муаррификунандаи давлату миллати сарбаланди тоҷик дар арсаи байналмилалӣ буда, дар доираи омодагиҳо ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои сокинон, хусусан наврасону ҷавонон туҳфаи арзишманд маънидод карданд.