
Аз 2 ум то 4-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамоиши байналмилалӣ «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ «CAREC»-Рушди устувори сайёҳӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид.Дар ин ҳамоиши сатҳи баланд зиёда аз 10 кишвари аъзоёни «CAREC» – иштирок намуданд.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин чорабинӣ муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Салимзода ва як қатор ширкатҳои сайёҳии ватани амсоли «Саёҳати Диёр» , пойгоҳи кўҳнавардии «Артуч» ва дигар субектҳои хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ иштирок намуданд.
Чорабинии мазкур бо дастгирии барномаи Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ «CAREC» – баргузор шуда омухтани таҷрибаи кишварҳои дар самти сайёҳӣ пешрафта ба шумор меравад.
Аз оғози таъсисёбии барномаи Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ «CAREC» аз соли 2001 то соли 2023 маблағи 51,02 миллиард доллари ИМА барои сармоягузории соҳаҳои мухталифи кишварҳои Осиёи Марказӣ равона гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки занҷираи тиҷоратии машҳури Шоҳроҳи Абрешим дар меҳвари таваҷҷуҳи ҷаҳонгардони алоқаманди саёҳатҳои саргузаштӣ қарор гирифтааст. Шаҳрҳои қадим, бозорҳои пурғавғо ва манзараҳои дилфиреби Осиёи Марказӣ шумораи зиёди сайёҳонеро, ки ҷӯёи ҳодисаю воқеаҳо дар ин масири таърихии машҳур мебошанд, торафт бештар ба худ ҷалб менамояд. Аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо низоми соддагардонидашудаи раводид барои аксар шаҳрвандони мамолики дунё, инчунин бо пешсафӣ дар ҷорӣ намудани низоми раводиди электронӣ дар сархати ахбори минтақаи даҳгона қарор гирифтаанд.



Айни замон, ҳамкориҳои байни ширкатҳои сайёҳии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, хатсайрҳои минтақавӣ низ амалӣ шуда истодааст. Ин омил имконият медиҳад, ки сайёҳони хориҷӣ зимни саёҳати худ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ якбора аз се кишвари дорои пайроҳаи Шоҳроҳи Абрешим — Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дидан намоянд.
Дар доираи ҳамоиш табодули афкор ҷиҳати рушди сайёҳӣ дар байни кишварҳои аъзои барномаи «Шоҳроҳи Абрешим» сурат гирифт. Ҳайати Тоҷикистон ба иштирокчиён оид ба рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳои андешидаи давлату ҳукумати мамлакат ва алалхусус таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳа Тариқи рӯнамо маълумот пешниҳод намуданд.


