Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

Dushanbe
1:34 pm, April 17, 2024
22°C
Wind: 4 mph
Pressure: 1016 mb

Табрикоти раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Муминзод Камолиддин бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз

Ҳамкорони азиз, дӯсторони сайру саёҳати Тоҷикистони биҳиштосо!

Шуморо бо фарорасии ҷашни Наврӯзи хуҷастапай, ки ифодагари некиву накукорӣ, покиву озодагист ва ба остонаи диёри ободу зебои мо – Тоҷикистони биҳиштосои сайёҳӣ қадам ранҷа намудааст, сидқан табрику муборакбод мегӯем.

Ифтихорманду сарфарозем, ки бо ташаббуси созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни қадимаи Наврӯз, ки миллати тамаддунофари мо меросбари ин ҷашн аст, ҷаҳонӣ гашт. Дар ин фасли нозанини табиат шумораи зиёди сайёҳону ҷаҳонгардон рағбати дидани меҳани аҷдодии Наврӯзро доранд.

Наврӯз ҳамчун омили таҳкими ҳувияти миллӣ, бедор кардани ҳисси ифтихори ватандорӣ дар ниҳоди мардум ва дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ шудани он барои симои мамлакат ҳамчун давлати дорои тамаддуни бойи қадимӣ ва захираҳои бузурги сайёҳӣ мусоидат менамояд.

Боиси хурсандист, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ Наврӯзи Тоҷикистони азиз шукӯҳу шаҳомати тоза касб кардаву рангину ҷаззобтар гаштааст.

Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш қадами файзбори Наврӯзро ба Шумо ҳамкорони гиромӣ шодбош гуфта, таманнои онро дорем, ки қадамҳои неки рӯзи наву соли наву баҳори нав ба ин Ватан ва барои Шумо пайки шодӣ ва баракати зиёдро насиб гардонад.

Наврӯзи хуҷастапай фархунда бод!

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.81
US TJS/USD10.94
EU TJS/EUR11.85
RU TJS/RUB0.12
NBT · TJS · 09 Apr 
National Bank of Tajikistan
Check: 09 Apr 2024 03:40 UTC
Latest change: 08 Apr 2024 19:25 UTC
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

Dushanbe
1:34 pm, April 17, 2024
22°C
Wind: 4 mph
Pressure: 1016 mb