Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
20:04, December 21, 2024
temperature icon 6°C
Humidity 49 %
Pressure 1025 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph

ҚАҲ-ҚАҲА ДАР БАДАХШОН. Ин қалъа дар замони империяи Кӯшониён- давраи рушду шукуфоии Роҳи Бузурги Абрешим бунёд шудааст

Қалъаи Қаҳ-қаҳа яке аз ёдгориҳои қадимаи таърихию фарҳангӣ ва овозадор дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст, ки ҳамасола барои тамошои он аз гӯшаю канори дунё ҷаҳонгардон ба ин макони баландкӯҳ меоянд. Ин ёдгории беназири бостонӣ ба асри 2 пеш аз мелод мансуб мебошад, яъне даврае, ки ҳаракати қабилаҳои сакҳои кӯчманчӣ ба Помир оғоз мешавад.

Дар бунёди Қалъаи Қаҳ-қаҳа 70 ҳазор нафар иштирок намудаанд

Қалъаи қадимаи таърихии Қаҳ-қаҳа дар сари роҳ, поёнтар аз деҳаи Намадгути ноҳияи Ишкошим, дар водии Вахон дар болооби дарёи Панҷ бунёд гардида, қадимтарин ва мӯҳташамтарин иншооти меъморӣ дар Бадахшон ба шумор меравад.

Ин қалъа ҳамчун иншооти мудофиавӣ аз асри II пеш аз милод то асри 7 пеш аз милод вуҷуд доштааст. Имрӯзҳо аз қалъаи азим харобаҳо боқӣ мондаанд ва бозгӯи онанд, ки он замон Қалъаи Қаҳ-қаҳа иншооти муҳими мудофиавӣ будааст. Тибқи маъхазҳо, дар сохтмони Қалъаи Қаҳ-қаҳа 70 ҳазор нафар иштирок намуда, дар бунёди он ду намуд хишт истифода шудааст. Пойдевори қалъа аз сангу гил сохта шудааст. Дар Бадахшони Афғонистон як макони таърихӣ бо номи Аргу мавҷуд аст, ки дар онҷо хишти хом мерехтанд ва 70 ҳазор нафар бо навбат қалъаро бунёд кардаанд. Дар он замони дур одамон паҳлӯ ба паҳлӯ истода, даст ба даст дар тӯли фарсахҳо масолеҳи сохтмонии Қалъаи Қаҳ-қаҳаро ба ин баландӣ расонидаанд.

Қаҳ-қаҳа 56 манора ва се дарвоза доштааст

Вазифаи ин қалъа ва қалъаҳои дигари сари «Роҳи абрешим» таъмини бехатарӣ ва амнияти ин сарзамин ва роҳи ҳаётан муҳими Шоҳроҳи Бузурги Абрешим будааст. Қалъаи Қаҳ-қаҳа 18 гектарро дар бар гирифта, 650 метр ба 250 метр дарозӣ ва бар дорад. Он давра дар назди муҳандисони қалъасоз як вазифа меистод, ки чӣ тавр барои сохтани қалъаи устувор ҷой ва мавзеи мувофиқ пайдо намуд, то барои худро аз душманон эмин нигоҳ доштан ва муҳофизат намудани мардум аз хавфу хатар мувофиқ ва амнтар бошад. Дар натиҷа Қалъаи Қаҳ-қаҳаро дар баландӣ- дар ҷои мувофиқ, дар болои кӯҳ, ки аз тарафи ҷануб дарёи Панҷ мегузарад ва аз тарафи шимол шахи касногузар аст, бунёд намудаанд. Қалъаи Қаҳ-қаҳа дар даврае, ки обод буд, 56 манора ва се дарвоза дошт. Як дарвозаи он ба тарафи деҳаи Қозбеги Афғонистон, ки то солҳои 1940 пул ҳам дошт, сохта шуда буд. Деворҳои Қалъаи Қаҳ-қаҳа, ки то ҳанӯз бо гузашти асрҳо осораш побарҷост, то 8-9 метр баландӣ доштаанд.

Қаҳ-қаҳа –қалъа андар қалъа

Маънои Қаҳ-қаҳа қалъа андар қалъа мебошад. Яъне ин ҷо як қалъае аз берун ва девори дигар аз дарун мавҷуд буд. Баъди 10-15 метр байни деворҳо боз монеаҳо эҷод мешуд. Ҳангоме ки душман аз дохил ба берун роҳ ёфта бошад, барои гурехтан шароит ва имкон надошт. Бо чунин тарҳ бунёд намудани қалъаҳо барои боздошти душман осон ва мувофиқ мешуд. Инчунин дар назди муҳандисони қалъасоз вазифа меистод, ки қалъаҳоеро дар шакли чоркунҷа не, балки шаклан гирд –давра созанд, ки барои вайрон кардан аз ҷониби душман душвор гардад. Чунки вайрон карани қалъаи чоркунҷа осон ва қалъаи гирдро вайрон намудан кори саҳл набуд. Доир ба номи ғайриодии қалъа –Қаҳ-қаҳа ривоятҳо вуҷуд доранд. Аз ҷумла, ривояте ҳаст, ки гӯё замоне дар ин ҷо шоҳзодае бо номи Қаҳ-қаҳ ҳукмронӣ мекард ва ин қалъа ба ифтихори ин шоҳзода номгузорӣ шудааст. Аммо ақидаи дигар низ вуҷуд дорад, ки истилоҳи «қаҳ» дар яке аз забонҳои қадим маънои қалъаро дошт. Бо назардоште, ки дар дохили қалъа боз қалъа бунёд гардидааст, аз ин рӯ он номи «Қаҳ-қаҳа», яъне қалъа андар қалъаро гирифтааст.

Қаҳ-қаҳа дар аҳди сулолаи Кӯшониён бунёд шудааст

Дар асоси ҳафриёти бостоншиносӣ муайян карда шудааст, ки қалъа дар асри II пеш аз милод сохта шудааст. Ҳамин тариқ, маълум мешавад, ки қалъаи Қаҳ-қаҳа дар давраи империяи Кӯшониён, вақте ки Роҳи Бузурги Абрешим дар авҷи рушд ва шукуфоӣ қарор дошт, бунёд шудааст. Шояд маҳз ба шарофати ин роҳи бузурги тиҷоратӣ қалъаи Қаҳ-қаҳа бунёд гардид ва ҳадафи он ҳифз ва таъмини амнияти корвонҳое буд, ки аз Чин, Афғонистон ва Ҳиндустон тавассути долони Вахон мегузаштанд. Омили дуюм- ин аз тарафи Чину Тибет хавфи дохил шудани қувваҳои ҳарбӣ буд, ки ниёгонамон маҷбур шуданд чунин истеҳкому қалъаҳои устувор бунёд намоянд. Дар деворҳои қалъаи Қаҳ-қаҳа то ҳанӯз сурохиҳое побарҷоянд, ки онҳо тиркашҳо мебошанд. Барои таъмини амният дар 56 манораи қалъа аскарон дар даст аслиҳа ба ҳимояи қалъа дар самти душман саф меоростанд.

Имрӯз Қалъаи Қаҳ-Қаҳа ёдгории қадимаи таърихӣ дар водии Вахони Бадахшон мебошад, ки ҳамасола садҳо нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ аз он боздид намуда, бо таъриху тамаддуни халқи тоҷик аз наздик шинос мегарданд.

Бунёди чунин қалъаҳои устувор дар аҳди бостон дар Бадахшон ба он далолат мекунад, ки ниёгони мо дар давраи қадим барои ҳифзи марзу буми сарзамини худ ва таъмини амнияти мардум ҳушёриро рисолати худ қарор дода, баҳри дифои мулкашон аз ҳама гуна хавфу хатари душманон тамоми имкониятро истифода менамуданд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.67
US TJS/USD10.93
EU TJS/EUR11.36
RU TJS/RUB0.11
21 Dec · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 21 Dec 2024 00:50 UTC
Latest change: 21 Dec 2024 00:50 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
20:04, December 21, 2024
temperature icon 6°C
Humidity 49 %
Pressure 1025 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph