Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар даври 1/4-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 аз тими милли Урдун мағлуб шуда, иштирокашро дар ин мусобиқа ба анҷом расонид, хабар медиҳад .
Бозӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии Давҳа баргузор шуда, бо ҳисоби 0:1 анҷом ёфт.
Боиси таззакур аст, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар нахустин иштирок дар Ҷоми Осиё ба натиҷаҳои таърихӣ ноил гардид. Шогирдони Петр Сегрт тавонистанд ба даври 1/4-ниҳоии мусобиқа роҳ ёбанд.
Дар даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дастаи мунтахаби Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд.