Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
21:02, December 21, 2024
temperature icon 3°C
Humidity 65 %
Pressure 1025 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph

Ҷаласаи Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз, 19-январи соли 2024 таҳти Раёсати Раиси Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласаи Шурои амният Президенти мамлакат вазъи таъмини амнияту субот, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткориро дар кишвар, аз ҷумла дар вилояти Хатлон ҳаматарафа баррасӣ намуданд.

Дар ин замина ба талабот ҷавобгӯ набудани сатҳи иҷрои қонунгузории замин, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои террористиву экстремистӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи  нашъадор ва қочоқи он, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва дигар ҷиноятҳои барои  ҷомеа хафнок зикр гардид.

Президенти мамлакат аз  камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назоратӣ ва сохторҳои низомӣ мисолҳои мушаххас оварданд.

Қайд гардид, ки роҳбарони мақомоти мазкури вилоятӣ, минтақавӣ ва якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар иҷрои вазифаи хизматӣ ба бемасъулиятӣ роҳ додаанд.

Сатҳи пасти касбӣ, ноуҳдабароӣ нисбати иҷрои вазифаҳои хизматӣ, роҳ додан ба ҳолатҳои коррупсионӣ, зиёд шудани ҷиноятҳои дорои  хусусиятҳои экстремистиву террористӣ, қочоқи маводи мухаддир, даст задани баъзе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назоратӣ ва сохторҳои низомӣ ба қочоқи маводи нашъаовар ва молу маҳсулот, ба кор қабул кардани шахсони тасодуфӣ ва ғайрикасбӣ дар сафҳои мақомот, интихобу ҷобаҷогузории нодурусти кадрҳо аз ҷониби роҳбарони мақомот аз масъалаҳои муҳиме буданд, ки дар ҷаласаи Шурои амният мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор гирифтанд.

Дар робита ба ҳолатҳои зиёди қонунвайронкунӣ ва риоя нагардидани талаботи қонун ва оинномаҳои ҳарбӣ Президенти мамлакат ба роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориш доданд:

-Сардори раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ва муовинони ӯ, сардори шуъбаи  Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб, сардори шуъбаи  Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Бохтар ва ноҳияи Кӯшониён, сардори раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, сардорони баъзе раёсатҳои дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ аз вазифа озод карда шаванд.

-Прокурори вилояти Хатлон ва муовинони ӯ, сардорони баъзе аз раёсатҳои Прокуратураи генералӣ ва прокуророни якчанд шаҳру ноҳияҳо аз вазифаашон      озод карда шаванд.

-Сардори гурӯҳи фаврии раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон, Сардори гурӯҳи фаврии ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва сардорони якчанд раёсатҳои Дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аз вазифа озод карда шаванд.

-Сардори раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон ва муовинони ӯ, сардори шуъбаи агентии назорати давлатии молиявӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва сардори Раёсати назорати субъектҳои хоҷагидорӣ, лоиҳаҳои сармоягузории Агентӣ бо супориши Президенти мамлакат аз мақомот озод карда шаванд.

-Сардорони якчанд Раёсатҳои Агентии назорати маводи нашъаовар низ аз вазифа озод карда шаванд.

Инчунин ба Вазири мудофиа ва Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ супориш дода шуд, ки нисбати командирони  қисмҳои низомие, ки ба камбудиву қонунвайронкунӣ роҳ додаанд, аз вазифа озод карда, ҷиҳати бартараф намудани ҳамагуна ҳаракатҳои ғайриоинномавӣ чораҳои қатъӣ андешида, аз  натиҷааш ба таври хаттӣ  дар муддати 10 рӯз ҳисобот диҳанд.

Президенти мамлакат  ба масъалаи аттестатсия- санҷиши хизматии кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, супориш доданд, ки воҳидҳои кории мақомоти мазкур 30 фоиз ихтисор карда шавад.

Ба роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назорати  ва сохторҳои низомӣ супориш дода шуд, ки дар муддати даҳ рӯз  масъалаи ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо аз ҳисоби кормандони болаёқат, кордон, соҳибтаҷриба ва масъулиятшинос таъин намоянд.

Оид ба  ҳамаи масъалаҳои дар ҷаласаи Шурои амният  муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.67
US TJS/USD10.93
EU TJS/EUR11.36
RU TJS/RUB0.11
21 Dec · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 21 Dec 2024 00:50 UTC
Latest change: 21 Dec 2024 00:50 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
21:02, December 21, 2024
temperature icon 3°C
Humidity 65 %
Pressure 1025 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph