Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
22:23, December 5, 2024
temperature icon 4°C
Humidity 81 %
Pressure 1029 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph

Натиҷагирии фаъолияти Кумитаи рушди сайёҳӣ дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024

Имрӯз ҷаласаи Ҳайати мушовара оид ба натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 ва вазифаҳо дар соли 2024 бо иштироки муовини якум ва муовини Раиси Кумита, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Кумита ва роҳбарону намояндагони воҳидҳои сохтории Кумита дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ баргузор гардид.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа нахуст муовини якуми Раиси Кумита Рустам Холматиён оид ба “Натиљањои љамъбасти фаъолияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Љумњурии Тољикистон дар соли 2023 ҳисобот манзур намуд.

Қайд гардид, ки бо мақсади рушд додани соҳаи сайёҳӣ, махсусан сайёҳии табобатӣ, экологӣ ва кӯҳнавардӣ 55 чорабинӣ дар дохили кишвар ва 37 чорабинии соҳавии сатҳи байналмилалӣ баргузор карда шуданд.

Инчунин, сабти барномаи телевизионии “Магия вкуса” тариқӣ шабакаи “Моя планета”, сабти барномаи телевизионии «Поедем, поедим!» тавассути шабакаи НТВ ва сабти видеороликҳои рекламавӣ бо хронометражи 15, 30 ва 120 сония тариқи шабакаи ҷаҳонии “BBC World News” пурра ба анҷом расид. Ҳамзамон, дар маҷаллаи ҷаҳонии “National Geografic” мақола ва аксҳо аз манзараҳои сайёҳии кишвар таҳия ва нашр карда шуд.

Аз ҷониби Раиси Кумита ба тамоми роҳбарони воҳидҳои сохтории марказӣ ва маҳаллӣ оид ба рушди сайёҳии дохилӣ, аҳамияти ҷидди зоҳир намудан ба шарту шароити қабулу хизматрасонӣ дар субектҳои хизматрсонии соҳаи сайёҳӣ, тақвияти ҳамкориҳо бо бахши хусусӣ ҷиҳати таъсиси ширкатҳои нави сайёҳӣ, ба роҳ мондаани корҳои таблиғу ташвиқи имкониятҳои сайёҳӣ, иштирок ва ташкили гушаҳои сайёҳӣ дар ҳамагуна чорабиниҳои оммавӣ, такмили омор ва татбиқи самараноки бандҳои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2026-ро супришҳои мушаххас дода шуд.

Зимни суханронӣ раиси Кумита аз тамоми сардорони воҳидҳои сохтории марказии Кумита ва роҳбарони шуъбаву бахшои рушди сайёҳӣ дар маҳал даъват ба амал овард, ки дар рафти вохурӣ ва чорабиниҳо оид ба бандҳои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 декабри соли 2023 ироа гардид, корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода шавад.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.86
US TJS/USD10.89
EU TJS/EUR11.47
RU TJS/RUB0.11
05 Dec · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 05 Dec 2024 13:25 UTC
Latest change: 05 Dec 2024 13:25 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
22:23, December 5, 2024
temperature icon 4°C
Humidity 81 %
Pressure 1029 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph