Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
09:17, July 27, 2024
temperature icon 31°C
Humidity 35 %
Pressure 1002 mb
Wind 7 mph
Wind Gust: 0 mph

Ҳамоиши тантанавӣ таҳти унвони “Парчами истиқболу истиқлоли мо”

23 ноябри соли 2023 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ таҳти унвони “Парчами истиқболу истиқлоли мо” баргузор гардид.

Дар ҳамоиш Ректори донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Асрорзода Убайдулло, муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Зиёдулло ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд. 

Ректори донишгоҳ Асрорзода Убайдулло ба чорабини ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки  эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзии шаҳрванди аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва моро зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад.

Муовини Раиси Кумиитаи рушди сайёҳӣ  Салимзода Зиёдулло  иброз дошт, ки имрӯз мо тоҷикон зери як Парчам ҷамъ омада, аз парафшонӣ ва ҷилваҳои он дар тамоми гӯшаву канори дунё сар баланд намуда, ифтихор аз он дорем, ки кишвари азизамон Тоҷикистон дорои Истиқлолият ва Парчами давлатӣ буда, тамоми рукнҳои давлатдорӣ пойдор мебошанд.

Дар рафти ҳамоиш байни устодон ва донишҷӯён баҳри пос доштани арзишҳои миллӣ ва расидан ба қадри сулҳу субот дар кишвар ва бедор кардани эҳсоси ҳифзи марзу буми ватан дар замири наслҳои имрузу мубодилаи афкор сурат гирифта, дар анҷоми ҳамоиш аз ҷониби донишҷӯёни донишгоҳ барномаи фарҳанги пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.7
US TJS/USD10.64
EU TJS/EUR11.56
RU TJS/RUB0.12
27 Jul · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 27 Jul 2024 00:40 UTC
Latest change: 27 Jul 2024 00:40 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
09:17, July 27, 2024
temperature icon 31°C
Humidity 35 %
Pressure 1002 mb
Wind 7 mph
Wind Gust: 0 mph