Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
01:35, July 17, 2024
temperature icon 23°C
Humidity 49 %
Pressure 1008 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph

Маросими супоридани Сертификатҳо ба иштирокчиёни Курсҳои омӯзишӣ барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар субъектҳои соҳаи сайёҳӣ

Имрӯз дар Донишгоҳи байналмилаии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи барномаи курсҳои омӯзишӣ маросими супоридани Сертификатҳо ба иштирокчиёни курси мазкур баргузор карда шуд.

Дар кори чорабинӣ муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Зиёдулло, намояндаи Anatolia Health Tourism Company ва Ассотсиатсияи тарабхонадорони Тоҷикистон иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки курси мазкур аз санаи 13 то 18 ноябри соли 2023 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор карда шуда, довталабон баъд аз анҷоми курс бо сертификатҳо сарфароз гардонида шуданд.

Роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия, Ассотсиатсияи тарабхонадорони Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои мусоидат дар баргузории курсҳои бозомӯзӣ барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар субъектҳои соҳаи сайёҳӣ ташаккур мегуяд.

​Бояд гуфт, ки баргузор намудани чунин курсҳои кӯтоҳмуддат дар рушди соҳаи хизматрасонӣ дар тарабхонаҳо ва баланд бардоштани касбияту малакаи кории кормандони субъектҳои хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ саҳми муносиб гузошта, барои ҷалби сайёҳон ба кишвар муосидат хоҳад кард.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.83
US TJS/USD10.67
EU TJS/EUR11.63
RU TJS/RUB0.12
16 Jul · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 16 Jul 2024 12:50 UTC
Latest change: 16 Jul 2024 12:50 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
01:35, July 17, 2024
temperature icon 23°C
Humidity 49 %
Pressure 1008 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph