Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
15:50, October 4, 2024
temperature icon 33°C
Humidity 15 %
Pressure 1007 mb
Wind 7 mph
Wind Gust: 0 mph

Озмуни “Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ” дар соли 2023

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷ умҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳавасманд намудани шахсон барои дастовардҳо дар соҳаи сайёҳӣ Озмуни “Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ”-ро эълон менамояд.

? Бо ҷоиза шахсон барои дастовардҳои зерин сарфароз гардонида мешаванд:

– барои дастоварди беҳтарин дар рушди сайёҳии дохилӣ;

– барои дастоварди беҳтарин дар рушди сайёҳии байналмилалӣ;

– барои сармоягузорӣи беҳтарин дар соҳаи сайёҳӣ;

– барои навовари беҳтарин дар соҳаи сайёҳӣ;

– барои кори илмӣ (тадқиқотӣ)- и беҳтарин дар соҳаи сайёҳӣ;

– барои дастоварди беҳтарин дар таблиғи маҳсулоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

? Барои дарёфти ҷоиза вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳуҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:

– дастовардҳо дар рушди сайёҳии дохилӣ;

– дастовардҳо дар рушди сайёҳии байналмилалӣ;

– ҳуҷатҳои дахлдор вобаста ба сармоягузориҳо дар соҳаи сайёҳӣ;

– санади тасдиқкунандаи дар амал татбиқ намудани навоварӣ, ки нишон додани самаранокии иқтисодӣ ва иҷтимоиро нишон медиҳад;

– ҳуҷатҳои дахлдори тасдиқкунандаи ҳолати амалигардонӣ ва татбиқ гаштани корҳои илмӣ (тадқиқотӣ) дар соҳаи сайёҳӣ;

– дастовардҳо дар таблиғи маҳсулоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

ℹ️ Ба маълумоти иштирокчиёни озмун расонида мешавад, ки як муаллиф (гурӯҳи муаллифон) метавонад дар як вақт ду ва ё зиёда дастовардро барои дарёфти ҷоиза пешниҳод намояд.

Ҳамзамон, барои иштирок дар озмун ҷиҳати дарёфти ҷоиза дастовардҳое, ки муаллифи онҳо қаблан вобаста ба ҳамин дастовардҳо ба ҷоизаҳои дигари сатҳи давлатӣ пешниҳод ё сарфароз гардидааст, қабул карда намешаванд.

Хоҳишмандон барои иштирок дар озмун ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоикистон воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Ак. Раҷабовҳо 3 ё ин ки тариқи телефонҳои (+992 37) 227 87 03 муроиат намоянд.

? Муҳлати охири ҳуҷатсупорӣ санаи то 15 феврали соли соли 2024 муқаррар карда шудааст.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.96
US TJS/USD10.65
EU TJS/EUR11.76
RU TJS/RUB0.11
04 Oct · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 04 Oct 2024 04:25 UTC
Latest change: 04 Oct 2024 04:25 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
15:50, October 4, 2024
temperature icon 33°C
Humidity 15 %
Pressure 1007 mb
Wind 7 mph
Wind Gust: 0 mph