Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

Dushanbe
2:28 am, April 17, 2024
10°C
Wind: 0 mph
Pressure: 1021 mb

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи истеҳсоли макарони ҶДММ «Шаҳри зебои мо»-ро ба истифода доданд

31 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Корхонаи истеҳсоли макарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шаҳри зебои мо”-ро ифтитоҳ карданд.

Дар Корхонаи истеҳсоли макарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шаҳри зебои мо” дар як баст 14 намуд маҳсулоти макаронӣ бо номи “Лазоли” истеҳсол шуда, дар он 35 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи корӣ доимӣ гардиданд.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 3 ҳазор тонна мебошад.

Ин навъи маҳсулоти ғизоӣ ивазкунандаи воридот буда, талаботи аҳолӣ ба он зиёд аст.

Фармоишгари асосии бунёди Корхонаи истеҳсоли макарон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шаҳри зебои мо” буда, корҳои сохтмонӣ дар он соли 2021 оғоз гардид.

Масоҳати бинои истеҳсолӣ 0,50 гектарро дар бар гирифта, дастгоҳу таҷҳизоти корхонаи навбунёд аз Италия харидорӣ ва насб гардидааст.

Корхонаи истеҳсоли макарон дар партави иҷрои супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 35-cолагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи “Солҳои рушди саноат” бо мақсади таъмин намудани бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти хӯрокворӣ аз тарафи соҳибкорони ватанӣ таъсис дода шуд.

Роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шаҳри зебои мо” тасмим гирифтаанд, ки  бо истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, бахусус навъҳои гуногуни макарон аҳолиро бо маҳсулоти хушсифати ордӣ таъмин намуда, барои ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – таъмини амнияти озуқаворӣ ҳиссаи арзандаи худро гузоранд.

Раванди истеҳсоли макарон тавассути хати муосири технологӣ аз тайёр кардани хамир, башаклдарорӣ, буридани маҳсулоти хом, хушк сохтан, ҷудо намудан ва бастабандӣ кардан иборат мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ аз имкониятҳои коргоҳи истеҳсоли макарон, бо сифати баланд истеҳсол намудани маҳсулот, фаъолияти ҳамешагӣ, афзоиш бахшидани самти фаъолият ва бо ин васила зиёд кардани ҷойҳои корию таъмини саривақтии талаботи сокинон бо ин маҳсулоти хӯроквориро зарур шуморида, бо назардошти имкониятҳои фаррохи пойтахт дар самти афзун гардонидани иқтидори истеҳсолӣ, ба масъулон дастуру супоришҳо доданд.

Пас аз ифтитоҳи коргоҳи истеҳсоли макарон, дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти корхона боздид ба амал оварданд.

Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 31 корхона ба истеҳсоли макарон машғул буда, дар 9 моҳи соли равон 6,3 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот истеҳсол гардидааст.

Талаботи аҳолии кишвар ба макарон дар як сол 13,9 ҳазор тонна макаронро ташкил медиҳад.

Дар шаҳри Душанбе 9 корхонаи маҳсулоти макаронӣ фаъолият дорад.

Дар 9 моҳи соли 2023 дар пойтахт 3,9 ҳазор тонна маҳсулоти макаронӣ истеҳсол шудааст, ки 62,0 фоизи маҳсулоти макаронии ҷумҳуриро ташкил медиҳад.

Ҳамин тавр танҳо имрӯз аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе ба хотири истиқболи сазовор аз ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар доираи “Солҳои рушди саноат” ва ҷиҳати амалисозии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар 7 корхонаи калони саноатӣ бо беш аз 4000 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Нахуст, Сарвари давлат дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Корхонаи дӯзандагии ҶДММ “Гулистони Душанбе”, дар ноҳияи Шоҳмансур марҳилаи дуюми корхонаи истеҳсоли қолинҳои ҶДММ “Қолинҳои Душанбе”, дар ноҳияи Фирдавсӣ корхонаи нассоҷии ҶДММ “Арвис”, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қаннодии ҶДММ “Амирӣ”, дар ноҳияи Сино корхонаи истеҳсоли равғани ҶДММ “Файзи баракат”, корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқии “Имод” ва корхонаи истеҳсоли макарони ҶДММ “Шаҳри зебои мо”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бунёду ба истифода додани корхонаҳои нави саноатӣ барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини аҳолӣ бо шуғли доимӣ, беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, тараққиёти иқтисодиёти мамлакат ва рушди соҳаи саноат заминаи мусоид фароҳам меорад.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.81
US TJS/USD10.94
EU TJS/EUR11.85
RU TJS/RUB0.12
NBT · TJS · 09 Apr 
National Bank of Tajikistan
Check: 09 Apr 2024 03:40 UTC
Latest change: 08 Apr 2024 19:25 UTC
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

Dushanbe
2:28 am, April 17, 2024
10°C
Wind: 0 mph
Pressure: 1021 mb