Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

Dushanbe
2:38 pm, December 5, 2023
21°C
Wind: 2 mph
Pressure: 1019 mb

Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-инвест 2023»

Санаи 29-30 сентябр дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-инвест 2023» баргузор мешавад. Дар кори Форум намояндагони давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, вазорату кумита ва дигар сохторҳои марбути мамлакат иштирок менамоянд,

Маросими ифтитоҳи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбеинвест 2023» дар Кохи Истиқлол доир гардида, кори он дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои панелӣ идома меёбад.

Соҳаи сайёҳӣ низ ҳамчун яке аз омилҳои рушди иқтисоди миллӣ, муарифгари фазои сармоягузории кишвар ва воситаи тарғибу ташвиқи имконот, рушд ва тараққиёти кишвар дар Форуми мазкур мавриди муҳокима қарор гирифт.

Соҳаи сайёҳӣ дар ҷаласаи панелии алоҳида дар мавзӯи “Тоҷикистон – кишвари сайёҳӣ, имкониятҳои рушди соҳа” мавриди муҳокима қарор гирифта, дар он роҳбарият ва кормандони Кумитаи рушди сайёҳӣ, вазорату идораҳо, устодону коршиносон ва намояндагони ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ иштирок менамоянд.

  • Дар кори панел тибқи барнома мавзуъҳои зерин мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуқданд:
  • – Соҳаи сайёҳӣ ва ислоҳоти соҳа;
  • – Имтиёзҳои соҳаи сайёҳӣ;
  • – Муаррифии лоиҳаҳои сармоягузории соҳаи сайёҳӣ;
  • – Рушди инфрасохтори сайёҳӣ ҳамчун омили муҳими истифодаи босамари захира ва имкониятҳои сайёҳӣ;
  • – Самтҳои афзалиятноки сайёҳӣ дар Тоҷикистон: барои чӣ Тоҷикистонро бояд барои боздид интихоб намуд;
  • – Бренди сайёҳӣ: раванди ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон;
  • – Истифодаи самараноки обҳои минералӣ ва шифобахш, гиёҳҳо ва иқтидорҳои табобатии кишвар.

Ҳамзамон, дар натиҷаи муҳокимаҳои болозикр миёни барои тақвият ҳамкориҳо муқштарак дар самти бахши сайёҳӣ миёни ширкатҳоисайёҳии ватанӣ ва ширатҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумзурии Туркия ва Федератсияи Россия 6 ёдошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.

Аз ҷумла, миёни ширкатҳои сайёҳии ҶДММ “Диёр тревел” ва «CEO Trip For Students»-и Федератсияи Россия, “Реал Шевкет Груп”-и Ҷумҳурии Туркия, ҶДММ “Сайри Бустон” ва ширкати “ERP Одиссея.”, ООО “INRUSSIA travel”-и Федератсияи Россия, КВД “Маркизи иттилоотии хизматрасониҳои сайёҳӣ” ва “Реал Шевкет Груп”-и Ҷумҳурии Туркия, ҶДММ “Антарес” ва ширкати ҶДММ “Атланта Аер”-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расонида шуд.

Ҳадафи форум асосан муаррифии бештари шароит ва имконоти фазои мусоиди сармоягузории Тоҷикистон, ҷалби сармоя, ба роҳ мондан ва тақвияти ҳамкорӣ байни ширкатҳои ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ, ҳамчунин фароҳамсозии имконият барои рушди тиҷорати рақамӣ бо мақсади татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат ба ҳисоб меравад.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.89
US TJS/USD10.95
EU TJS/EUR11.92
RU TJS/RUB0.12
NBT · TJS · 05 Dec 
National Bank of Tajikistan
Check: 05 Dec 2023 04:05 UTC
Latest change: 04 Dec 2023 19:25 UTC
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

Dushanbe
2:38 pm, December 5, 2023
21°C
Wind: 2 mph
Pressure: 1019 mb