Visa

1
2

Маълумоти муфид

 

  • Раводиди электронӣ ҳуҷҷати расми мебошад, ки иҷозаи вуруд ва сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро медиҳад. Шумо танҳо дар сурати берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон будан метавонед барои гирифтани раводиди электронӣ дархост кунед.
  • Раводиди электронӣ ҳамчун ивазкунанда раводид ҳангоми вуруд бв Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
  • Раводиди электронӣ танҳо барои истифодабари дар муддати кутоҳ пешбини шудааст (танҳо 45-рӯз)
  • Дар сурати аз муҳлати муқарраршуда барзиёд будубош намудан, дорандаи раводид ҷарима, ихроҷ ва ё дар сафари оянда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ карда мешавад.
  • Лутфан, огоҳ бошед, ки мӯҳлати эътибори ҳуҷҷати сафар ва шиносномаи Шумо қабл дархости раводид бояд зиёда аз 6-моҳ эътибор дошта бошад.
  • Вобаста ба шаҳрвандии Шумо метавонад метавонад ҳуҷҷатҳои иловаги талаб гардад. Оид ба ҳуҷҷатҳои Шумо баъд аз интихоби шаҳрванди ва санаи хабардор карда хоҳед шуд.
  • Маълумотҳои пешниҳодгардидаи Шумо ҳангоми убури сарҳад тафтиш мегарданд. Дар ҳолати пешниҳоди маълумоти нодуруст раводиди Шумо бекор кардашуда, вуруди Шумо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда мешавад
  • Ҳангоми баррасии раводиди электронии Шумо, маълумотҳои воридгардида тағйир дода намешаванд. Маълумотҳои пешниҳоднамудаи Шумо бояд бо ҳуҷҷати сафар мутобиқат намоянд. Дар дигар ҳолат, раводиди Шумо бекор карда шуда маблағи пардохт намудаи Шумо бозпас намегардад.

Барои маълумоти муфассал, лутфан ба сомонаи расмии Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Чумҳурии Тоҷикистон гузаред www.evisa.tj