Милитсияи сайёҳӣ

Милитсияи сайёҳӣ

 

Дар Тоҷикистон милитсияи сайёҳӣ (полис) дар аввали моҳи августи соли 2018 дар назди Раёсати экологии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Имрӯз бехатарӣ яке аз омилҳои таъсиркунанда ба рушди сайёҳӣ мебошад. Аз ин рӯ, дар Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити мусоид дар сарзамини мо барои шаҳрвандони хориҷӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд, то ки ҳангоми сафар ва дидан аз ҷойҳои тамошобоби фарҳангӣ, таърихӣ, бостоншиносӣ ва дигар ҷойҳо худро дар ин муҳит бехатар эҳсос кунанд. Маҳз дар чунин ҷойҳо ва инчунин дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва дар вокзали роҳи оҳан милитсияи сайёҳӣ кушода шуданд. Чанде қабл, чунин дидбонгоҳҳо дар қалъаи Ҳисор ва гузаргоҳи сарҳадии Дӯстӣ дар шаҳри Турсунзода ба фаъолият оғоз карданд. Нуқтаҳои милитсияи сайёҳӣ  тасодуфан кушода нашудаанд, балки онҳо ҷойҳое мебошанд, ки сайёҳони хориҷӣ ва маҳаллӣ ба он ҷойҳо зуд-зуд ташриф меоранд.

Милитсияи сайёҳӣ, ки бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз шудааст, ҳоло дар тамоми минтақаҳои кишвар кор мекунад. Дар ҳамкории зич бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои сайёҳии кишвар, милитсияи сайёҳӣ тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад то ки таъмини хизматрасонии босифати сайёҳон ва таъмини бехатарии онҳоро чораҳои зарурӣ андешад. Инчунин “Корт барои сайёҳ” ва “Шиноснома барои сайёҳ” таҳия шуда, саҳифаҳои худро дар шабакаҳои иҷтимоии “Facebook” ва “Instagram” кушодаанд.

Ёдовар мешавем, ки милитсияи сайёҳӣ дар Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти сайёҳон, пешниҳоди маълумоти зарурӣ, расонидани кӯмак, ҳимояи манфиатҳо ва пешгирии ҷинояткорӣ дар байни сайёҳон таъсис дода шудааст.

Телефони милитсияи сайёҳии назди Раёсати экологии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон: 770 55 55 55

 

Туристическая милиция