Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сайёҳон бештар ба тамошои ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон мароқ зоҳир менамоянд

Тавре қаблан иттилоъ додем, 18 апрел Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгориҳои зиёди таърихие ба мерос мондаанд, ки як қисми онҳо аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд. Ин ёдгориҳо диққати сайёҳонро бештар ба худ ҷалб менамоянд. Тибқи омори соҳаи сайёҳӣ, ба ҳолати 18 марти соли 2024 аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷӣ, […]

Сайри ёдгориҳои Қалъаи Кӯҳи Муғ, Қалъаи Қум ва Гардани Ҳисор таваҷҷуҳи сайёҳону меҳмононро дар бораи таърихи тоҷикон меафзояд

Аз нуқтаи назари таърихи башарӣ ва ватанӣ ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон шаҳодатдиҳандаи бисёр ҳаводиси таърихӣ мебошанд, ки дар олами илм ва талқини муҳимтарин паҳлуҳои таърих назир надоранд. Яке аз муҳимтарин саҳифаи таърихи аҷдодони халқи тоҷик – ин замони мавҷудияти маданияти суғдӣ мебошад, ки ранго-рангӣ ва омезиши фарҳангии он аз ҳунари воло, заковату сарватманӣ, ҳунари тиҷорат, […]