Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамкории Тоҷикистон ва Испания дар соҳаи сайёҳӣ тақвият меёбад

19 феврал Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода ва Сафири Шоҳигарии Испания дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Луис Франсиско масъалаи рушди ҳамкорӣ дар самти сайёҳӣ ва мусоидати бахши хусусӣ барои иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳиро, ки дар давлатҳои ҳамдигар баргузор мегарданд, баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо оид ба иқтидори сайёҳии давлатҳо ва зиёд намудани шумораи […]

Тоҷикистонро бо сипоснома дар намоишгоҳи Эрон қадрдонӣ карданд

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз анҷоми 18-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва саноатии Tehran International Tourism and Related Industries Exhibition (TITE), ки аз 11 то 14 феврали соли 2025 дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид, ҷиҳати иштироки фаъолона ва саҳм гузоштан дар рушди муносибатҳои дуҷониба дар бахши сайёҳӣ бо “СИПОСНОМА” сарфароз […]

Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи сайёҳӣ густариш меёбад

Тавре қаблан хабар додем, аз 11 то 14 феврал дар шаҳри Теҳрон Намоишгоҳи 18-уми байналмилалии сайёҳӣ ва саноатии Теҳрон «Tehran International Tourism and Related Industries Exhibition» баргузор мегардад. Дар доираи ин намоишгоҳ Раиси Кумита Ҷамшед Ҷумъахонзода бо Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон Саид Ризо Солеҳи Амирӣ вохӯрӣ намуд. Дар вохӯрӣ […]

Мулоқоти раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ бо раиси минтақаи озоди иқтисодии ҷазири Киш-и Ҷумҳурии Исломии Эрон

Мулоқоти раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раиси минтақаи озоди иқтисодии ҷазири Киш-и Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадҷаъфари Кабирӣ дар рафти баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва саноатии Теҳрон – Tehran International Tourism and Related Industries Exhibition (TITE). Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳоро дар самти саноати сайёҳӣ аз ҷумла, истеҳсолу […]

Мулоқоти раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ бо мудири кулли сайёҳӣ ва гардишгарии вилояти Язди Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид

Рӯзи 12 феврали соли 2024 дар доираи баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва саноатии Теҳрон – Tehran International Tourism and Related Industries Exhibition (TITE) мулоқоти раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҷамшед Ҷумъахонзода бо мудири кулли сайёҳӣ ва гардишгарии вилояти (Устон) Язди Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо вусъат бахшидани ҳамкориҳоро бо бахши хусусӣ ҷиҳати […]

Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ густариш медиҳанд

Дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва саноатии Теҳрон  «Tehran International Tourism and Related Industries Exhibition» (TITE), ки дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон идома дорад, вохӯрии Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода бо намояндагони бахши сайёҳӣ ва гардишгарии шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо омӯзиши таҷриба, шиносоӣ […]

Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва саноатии Теҳрон иштирок дорад

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи 18-уми байналмилалии сайёҳӣ ва саноатии Теҳрон (Tehran International tourism and Related Industries Exhibition (TITE) иштирок дорад. Дар намоишгоҳ гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардида, дар он имконоти сайёҳии мамлакат муаррифӣ карда мешаванд. Дар ҳошияи чорабинӣ вохӯрии Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода бо Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва […]

Имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи «BORSA INTERNAZIONALE DEL TURISMO» муаррифӣ гардид

Аз 9 то 11 феврал дар шаҳри Милани Италия Намоишгоҳи 45-уми байналмилалии сайёҳии «Borsa Internazionale del Turismo» баргузор гардид, ки дар он имконияти сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардид.  Дар доираи ин намоишгоҳ вохӯриҳои В2С ва В2В ташкил гардида, масъалаи рушди фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ, зеҳни сунъӣ, ҷалби мутахассисон ва рақамикунонӣ дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ карда шуд. Дар ин намоишгоҳ ҳайати  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, […]

Аз моҳи март «Сомон Эйр» парвозҳоро дар масири Душанбе-Теҳрон-Душанбе зиёд менамояд

Шуруъ аз 5 марти соли 2025 ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро дар масири Душанбе — Теҳрон — Душанбе ҳафтае ду маротиба — рӯзҳои душанбе ва чоршанбе анҷом медиҳад. Ин иқдом марҳилаи нави рушди робитаҳои сайёҳӣ ва тиҷоратӣ байни ду давлат арёзбӣ мегардад. Зиёд намудани шумораи парвозҳо имкон медиҳад, ки сафарҳо дар ин масир дастрас ва […]

«Тоҷик Эйр» тасмим гирифтааст, ки парвозҳои дохилиро аз Душанбе ба самтҳои Ванҷ, Рашт ва Лахш роҳандозӣ намояд

Ширкати ҳавопаймои «Тоҷик Эйр» тасмим гирифтааст, ки соли 2025 ҷуғрофиёи парвозҳои маҳаллиро тақвият дода, дар масири Душанбе-Ванҷ-Душанбе, Душанбе-Рашт-Душанбе, Душанбе-Лахш-Душанбе парвозҳои ҳавоиро фаъол гардонад. Гуфта шуд, ки соли 2024 ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар масири Душанбе –Хоруғ –Душанбе, Душанбе –Кӯлоб –Душанбе ва Душанбе –Панҷакент –Душанбе парвозҳоро тавассути ҳавопаймои АН-28 (ЕУ-28736) амалӣ намуд. Танҳо давоми қариб чор […]