Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ

Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма! Қабл аз ҳама, бори дигар Раиси муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷаноби Олӣ, Сайид Иброҳим Раисиро ба Тоҷикистон хайрамақдам мегӯям. Дар доираи барномаи сафар, зимни мулоқоту гуфтушунидҳо дар фазои ҳусни тафоҳум, мо масъалаҳои мубрами муносибат ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Эронро мавриди баррасӣ қарор додем. Изҳори боварӣ карда шуд, ки муштаракоти зиёди таърихиву […]