Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

«САФЕДДАРА» — МАКОНЕ БО ТАБИАТИ БАРФПӮШ. Сайёҳон аз манзараҳои зебо, кӯҳҳои барфпӯш, обҳои нуқрагин ва ҳавои тозаи атрогин баҳра мебаранд

Садои форами мусиқӣ, бозиҳо дар рӯйи барфу ях, нӯшидани чойи гарму рухсораҳои гулгун — ин ҳамаро метавонед дар оғӯши табиати барфпӯши «Сафеддара» бубинед ва эҳсос намоед. «Сафеддара» ягона машқгоҳи варзишии зимистона дар Тоҷикистон буда, ба мавзеи воқеан дилфиреби истироҳатию фароғатӣ ва машқу тамрингоҳи намудҳои гуногуни варзиши зимистона табдил ёфтааст. Маҷмаа дорои инфрасохтори зарурии замонавӣ буда, […]